Сабикаҳои тиллои Бонки миллӣ аз оғози сол 3 фоиз қимат шуданд

Арзиши сабикаҳои тиллои ба фурӯш гузоштаи Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) аз оғози сол ба андозаи 3 фоиз боло рафт. Сабикаи 5-грамма имрӯз каме бештар аз 2 ҳазору 70 сомонӣ нарх дорад. Бино ба маълумоти БМТ, ба санаи 21 феврали соли равон нархи сабикаи тиллои 5-граммӣ дар ҳаҷми 2070, 10 сомонӣ ва нархи фурӯш – 2049,40 сомонӣ муқаррар […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Арзиши сабикаҳои тиллои ба фурӯш гузоштаи Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) аз оғози сол ба андозаи 3 фоиз боло рафт. Сабикаи 5-грамма имрӯз каме бештар аз 2 ҳазору 70 сомонӣ нарх дорад.

Бино ба маълумоти БМТ, ба санаи 21 феврали соли равон нархи сабикаи тиллои 5-граммӣ дар ҳаҷми 2070, 10 сомонӣ ва нархи фурӯш – 2049,40 сомонӣ муқаррар шудааст.

Дар оғози сол Бонки миллӣ сабикахои дорои чунин вазнро бо арзиши 2010,55 сомонӣ фурӯхта, бо нархи 1990,44 сомонӣ мехарид.

Ҳамин тариқ, аз оғози соли ҷорӣ арзиши сабикаҳои тиллои Бонки миллӣ ба андозаи 2,9 фоиз боло рафтааст.

Ба ҷуз сабикаҳои 5-граммӣ Бонки миллӣ ҳамчунин сабикахои тиллои вазнашон 10, 20, 50 ва 100-граммиро низ мефурӯшад. Нархи фурӯши сабикаи 10-граммӣ аз 1 январ то имрӯз 3 фоиз афзуда, сабикаҳои вазнашон 20, 50 ва 100 граммӣ – 3,1 фоиз зиёд шудааст.

Қобили зикр аст, ки моҳи июни соли гузашта Бонки миллӣ сабикаҳои тиллоиро ба муомилоти озодона баровард. Арзиши фурӯш ва харидории сабикаҳо ҳамарӯза бо пули миллӣ муқаррар мешавад.

Нархи 1 грамми тилло дар сабика ба вазни умумии он вобастагии зиёд дорад. Зимни харидани сабикаи хурд нархи 1 грамми тилло назар ба харидории сабикаи калонтар зиёдтар мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.