Дастгирии ҳукумати Ҷопон аз 2 лоиҳаи нав дар Тоҷикистон

Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон созишномаҳои муштараки ду лоиҳаи навро, ки бо дастгирии молиявии Ҳукумати Ҷопон бо маблағи 180 ҳазор доллар ба тасвиб расонид. Дар чаҳорчўбаи Барномаи Ҳукумати Ҷопон оид ба кӯмакҳои бебозгашт ва амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ (GGP) “Лоиҳаи барқарорсозии бинои муассисаи таҳсилоти умумии №94 дар деҳаи “Ҷангалобод”-и ҷамоати “Гулистон”-и шаҳри Ваҳдат ба […]

Иттилоияи расмӣ

Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон созишномаҳои муштараки ду лоиҳаи навро, ки бо дастгирии молиявии Ҳукумати Ҷопон бо маблағи 180 ҳазор доллар ба тасвиб расонид.

Дар чаҳорчўбаи Барномаи Ҳукумати Ҷопон оид ба кӯмакҳои бебозгашт ва амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ (GGP) “Лоиҳаи барқарорсозии бинои муассисаи таҳсилоти умумии №94 дар деҳаи “Ҷангалобод”-и ҷамоати “Гулистон”-и шаҳри Ваҳдат ба маблағи 90,118 доллар ва Лоиҳаи сохтмони бинои нави муассисаи таҳсилоти умумии №31 дар деҳаи “Қарошура”-и, ҷамоати “Мукус”-и ноҳияи Лахш ба маблағи 89,946 доллар ба имзо расид.  

Зимни суханрони дар маросими фавкузикр намояндагони воломақоми сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон қайд намуданд, ки лоиҳаҳои Барномаи ҳукумати Ҷопон дар самтхои мухталифи саросари кишвар амалӣ гашта, махсус барои аҳолии минтақаҳои дурдаст шароити мусоид фароҳам меоранд ва инчунин, дар рушди устувори Тоҷикистон саҳми назаррас хоҳанд гузошт.

Мақомотҳои пазирандаи грантҳо низ бо истифода аз фурсати муносиб бартарии чунин лоиҳаҳоро тавзеҳ дода, изҳори сипос ба Ҳукумат ва мардуми Ҷопон намуданд ва ваъда доданд, ки ба ҳамаи ҳадафҳои тасдиқшудаи лоиҳаҳо мерасанд.

Кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ “GGP” тарҳи Барномаи расмии Ҷопон оид ба рушд мебошад. Алалхусус, лоиҳаҳои кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ барои дастгирӣ намудани соҳаҳои мухталифи бахши аъзами аҳолӣ дар сартосари Тоҷикистон равона карда шудаанд.

Кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ, соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, ҳамчунин ба созмонҳои ғайридавлатӣ расонида мешавад. Аз соли 1996 то инҷониб, кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ 389 лоиҳаро ба маблағи умумии $31,5 миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон амалӣ намудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.