Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

Date:

АНОНС

– Дар толори конфронси меҳмонхонаи «Хайят Реҷенси Душанбе» пеш аз вохӯрии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2018 байни дастаҳои «Истиқлол» (Тоҷикистон) ва «Аҳал» (Туркманистон) дар гурӯҳи «D» нишасти хабарӣ баргузор мешавад. Оғоз соати 11:00.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.8258 сомонӣ;

1 евро – 10.8575 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1545 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

2002 — Дар Маскав шумораи нахустини газетаи «Чархи гардун» ба табъ расид.

1928 – Зодрӯзи доктори улуми филология, профессор Расул Ҳодизода.

1938 – Мавлуди шоир Одина Мирак.

1945 – Зодрӯзи иқтисодчӣ Муртазо Қаҳҳоров.

1969 — Мавлуди овозхони маъруфи эстрадаи тоҷик Парвин Юсуфӣ.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ боришот (борону барф), баъзан туман дар назар аст.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +2+7, рӯзона +11+16; дар доманакӯҳҳо шабона -4+1, рӯзона +3+8.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона баъзан борон меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+10, рӯзона +14+19; дар доманакӯҳҳо шабона +2+7, рӯзона +11+16.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбандаи бебориш.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -4+1, рӯзона +3+8; дар шарқ шабона -10-15, рӯзона -4+1.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ боришот (борону барф), баъзан туман дар назар аст. 

 Ҳарорат: дар водиҳо шабона +4+9, рӯзона +12+17; дар доманакӯҳҳо шабона -1+4, рӯзона +4+9.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, туман.

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +14+16.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, туман.

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +12+14.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, туман.

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +17+19.    

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона -1-3, рӯзона +4+6.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...