Ҳисобу китоби маблағи хӯроки душанбегиҳо давоми як сол

Муовини вазири молияи Тоҷикистон изҳор дошт, ки ҳукумат ният дорад, ки болоравии нархҳо ба маҳсулоти мавриди ниёзи аввалро дар як сатҳи муайян нигоҳ дорад. Палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ имрӯз тағйироти пешниҳодшуда аз ҷониби ҳукумат ба қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2018»-ро маъқул шуморид. Зимни шарҳи тағйирот ба қонун назди вакилон муовини вазири […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Муовини вазири молияи Тоҷикистон изҳор дошт, ки ҳукумат ният дорад, ки болоравии нархҳо ба маҳсулоти мавриди ниёзи аввалро дар як сатҳи муайян нигоҳ дорад.

Палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ имрӯз тағйироти пешниҳодшуда аз ҷониби ҳукумат ба қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2018»-ро маъқул шуморид.

Зимни шарҳи тағйирот ба қонун назди вакилон муовини вазири молияи кишвар Меҳринамо Ҷонмаҳмадова қайд кард, ки ин тағйироту иловаҳо ба нигаҳдории афзоиши нарх ба маҳсулоти мавриди ниёзи аввал нигаронида шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон беш аз 1,2 млн. нафар кору зиндагӣ доранд, ки дар як сол ба маблағи умумии 4,1 млрд. сомонӣ беш аз 480 ҳазор тонна маҳсулоти хӯрокворӣ истеъмол мекунанд.

«Соли гузашта нархи сабзавоту мева дар бозорҳои Душанбе – 48,8%, гӯшт – 12,2%, шир – 5,6% ва орд – 1,2% афзуд», – қайд кард Меҳринамо Ҷонмаҳмадзода.

Ӯ таъкид дошт, ки мувофиқи тағийроти имрӯз қабулшуда ба буҷет, КВД «Истеҳсол, фурӯш, хариди маҳсулоти мавриди ниёзи аввал» аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешавад, ки ба таври қобили мулоҳиза ба коҳиши нархҳо ба маҳслуоти ғизойӣ дар бозорҳои шаҳр мусоидат менамояд.

Зимнан зикр гардид, ки маблағи умумие, ки ба буҷет аз ҳисоби озод шудани корхонаи номбурда аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ворид намегардад, тақрибан 55,8 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио