Боздошти гумонбар ба содир намудани зиёда аз 30 лаҳзаи ҷинояти дуздӣ

Date:

Кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо роҳандозии коркардҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани зиёда аз 30 лаҳзаи ҷинояти дуздӣ, ки ба шаҳрвандон зиёда аз 500 ҳазор сомонӣ зарар расонидааст, шаҳрванд Сайғуфрон Ҷангиевро дастгир намуданд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти РВКД Душанбе, номбурда ҷиноятҳои дуздиро шабона ва бо дастпӯшу отвёртка бо як маҳорати махсус содир мекардааст.  Ӯ аз автомашинаи шаҳрванд Илҳом Мирсаидов дар кӯчаи Алишер Навоӣ бо истифода аз отвёртка шишаи тирезаи автомошинаи номбурдаро шикаста, маблағи пулии 4680 доллари ИМА ва дигар ашёҳои пурарзишро тасарруф намуда, бо ин амал ба ҷабрдида бо асъори миллӣ наздики 40 ҳазор сомонӣ зарари ҷиддӣ расонидааст.

«Тирезаҳои автомашинаи шаҳрванд Хуршед Давлатовро дар назди манзили истиқоматияш шикаста, аз дохилаш 3200 сомонӣ, телефони мобилӣ ва дигар ашёҳои қимматнокро аз они худ карда, бо ин кирдораш ба ҷабрдида ба маблағи 6100 сомонӣ зарари калон расонидааст», – омадааст дар маълумоти Раёсат.

Гуфта мешавад, отвёртка ва дастпӯш ҳамчун далели шайъии олоти содирнамоии ҷиноят аз ҷониби кормандони милитсия дарёфт карда шудааст.  Айни замон боздоштшуда дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташ бо моддаи 244-Коддекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...