Алҳол ба Ӯзбекистон шитоб накунед! Тасдиқи созишнома зарур аст

Баъди имзои созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи равуои мутақобилаи шаҳрвандон, ки зимни сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон байни кишварҳо ба имзо расид, аксари шаҳрвандони ҳарду давлат ба гузаргоҳҳои назоратӣ дар сарҳад шитофтанд, то ки бидуни раводид ба қаламрави кишварҳо ворид шаванд. Аммо алҳол бидуни ба расмият даровардани раводиди дахлдор, сарҳадбонон ҳеҷ касро ба […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Баъди имзои созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи равуои мутақобилаи шаҳрвандон, ки зимни сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон байни кишварҳо ба имзо расид, аксари шаҳрвандони ҳарду давлат ба гузаргоҳҳои назоратӣ дар сарҳад шитофтанд, то ки бидуни раводид ба қаламрави кишварҳо ворид шаванд.

Аммо алҳол бидуни ба расмият даровардани раводиди дахлдор, сарҳадбонон ҳеҷ касро ба гузаштани марз иҷоза намедиҳанд.

«Дарвоқеъ, дар созишномаи зикршудаи санаи 9 июн дар Душанбе баимзорасида равуои шаҳрвандони ҳарду ду давлат ба қаламрави кишварҳо бидуни раводи ба муддати то як моҳ пешбинӣ шуда, аммо ин созишномаро аввал бояд парлумонҳои кишварҳо тасдиқ кунанд ва танҳо баъди ин он мавриди амал қарор мегирад», – хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаи огаҳ аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Изҳори умедворӣ шуд, ки тасдиқи созишнома ва табодули эътимоднома дар ин хусус муддати «ҳадди ниҳоӣ як моҳ» сурат мегирад, ҳарчанд дар созишнома таъкид шудааст, ки ҷонибҳо ҳуҷҷатҳои заруриро дар муҳлати на камтар аз се моҳ омода месозанд.

Дар ҳамин ҳол, хотиррасон шуд, ки айни замон шаҳрвандони ҳарду кишвар, ки дар минтақаҳои наздисарҳадӣ зиндагӣ мекунанд, ба равуо бидуни раводид ба қаламрави давлатҳои ҳамдигар ба муддати панҷ рӯз ҳуқуқ доранд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.