Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

АНОНС – Шурӯъ аз имрӯз шаҳрвандони Тоҷикистон бидуни гирифтани раводид ба Ӯзбекистон сафар карда метавонанд; – Дар Маскав таҳти унвони «Дни Навруза на Старом Арбате» (Рӯзҳои Наврӯз дар Арбати қадимӣ) иди умумишаҳрӣ ҷараён дорад, ки то 18 март идома меёбад. Макони баргузорӣ: Москва, кӯч. Арбат, 24; – Дар доираи амалисозии Барномаи дастгирии сифати таълим дар […]

Asia-Plus

АНОНС

– Шурӯъ аз имрӯз шаҳрвандони Тоҷикистон бидуни гирифтани раводид ба Ӯзбекистон сафар карда метавонанд;

– Дар Маскав таҳти унвони «Дни Навруза на Старом Арбате» (Рӯзҳои Наврӯз дар Арбати қадимӣ) иди умумишаҳрӣ ҷараён дорад, ки то 18 март идома меёбад. Макони баргузорӣ: Москва, кӯч. Арбат, 24;

– Дар доираи амалисозии Барномаи дастгирии сифати таълим дар Тоҷикистон, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, дар Душанбе ҷаласаи ҳайати раҳбарии Кумитаи лоиҳаҳо доир мегардад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.8269 сомонӣ;

1 евро – 10.9039 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1545 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1867 — Фаронсавӣ Жозеф Монйе барои ихтирои бетон патент гирифт.

1995 — Дар иёлати Миссисипи тағйироти 13 ба Конститутсияи ИМА тасдиқ шуда, ғуломдорӣ расман манъ шуд.

2010 — Дар Хоруғ шумораи нахустини газетаи моҳонаи «Ҳаёт» ба нашр расид.

2016 — Дар Тоҷикистон ниҳоди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шуд.

1943 – Зодрӯзи дирижёр, Арбоби шоистаи ҳунари Тоҷикистон Давлат Қурбон.

1954 – Мавлуди Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб.

1975 – Зодрӯзи журналист Умеди Муҳаммадпаноҳ.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот, баъзан туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4, рӯзона +10+15; дар доманакӯҳҳо шабона 0-5, рӯзона +5+10.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона дар баъзе ноҳияҳо борон меборад, рӯзона бидуни боришот, туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +3+8, рӯзона +17+22; дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +11+16.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона баъзан боришот (борону барф) дар назар аст.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -2-7, рӯзона +3+8; дар шарқ шабона -14-19, рӯзона -2-7.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар доманакӯҳ борону барф ва туман дар назар аст. 

 Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+6, рӯзона +15+20; дар доманакӯҳҳо шабона -4+1, рӯзона +9+14.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда,шабона борон меборад.

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +16+18.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +11+13.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +18+20.    

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона -2-4, рӯзона +5+7.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио