Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

АНОНС – Дар Hyatt Regency Dushanbe бо иштироки аввалин миллиардери Непал Бинода Чаудхари дар мавзӯи «Таъсиси ширкати миллиардӣ» машғулият доир гардида, бо иштироки муаллиф маросими рӯнамои китоби ӯ «Бозии бузург: Қиссаи илҳомбахши аввалин миллиардери Непал» баргузор мешавад. Оғоз соати 19:00; – Маросими аз ҷониби сафорати Ҳиндустон ба шаҳру навоҳии гуногуни Тоҷикистон супурдани автомашинаҳои ёрии таъҷилии […]

Asia-Plus

АНОНС

– Дар Hyatt Regency Dushanbe бо иштироки аввалин миллиардери Непал Бинода Чаудхари дар мавзӯи «Таъсиси ширкати миллиардӣ» машғулият доир гардида, бо иштироки муаллиф маросими рӯнамои китоби ӯ «Бозии бузург: Қиссаи илҳомбахши аввалин миллиардери Непал» баргузор мешавад. Оғоз соати 19:00;

– Маросими аз ҷониби сафорати Ҳиндустон ба шаҳру навоҳии гуногуни Тоҷикистон супурдани автомашинаҳои ёрии таъҷилии тиббӣ доир мегардад. Оғоз соати 10:00 дар бинои сафорат.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.8202 сомонӣ;

1 евро – 10.8347 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1534 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

2014 — Бо иштироки президенти Тоҷикистон дар Душанбе маҷмааи «Наврӯзгоҳ» мавриди истифода қарор гирифт.

1875 – Зодрӯзи нависанда ва олими форсу тоҷик Абулқосим Замахшарӣ.

1947 – Мавлуди шоир Шодибек Сатторӣ.

1947 – Зодрӯзи оҳангсоз Заррина Миршакар, духтари Шоири халқии Тоҷикистон Мирсаид Миршакар.

1948 – Мавлуди доктори улуми кимиё, профессор Иззатулло Ғаниев.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +8+13, рӯзона +16+21; дар доманакӯҳҳо шабона -4+1, рӯзона +7+12.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +8+13, рӯзона +21+26; дар доманакӯҳҳо шабона +4+9, рӯзона +15+20.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбандаи бебориш.

Ҳарорат: дар ғарб шабона 0-5, рӯзона +6+11; дар шарқ шабона -9-14, рӯзона +2+7.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот. 

 Ҳарорат: дар водиҳо шабона +8+13, рӯзона +18+23; дар доманакӯҳҳо шабона +2+7, рӯзона +11+16.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +21+23.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +18+20.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +22+24.    

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона -1-3, рӯзона +8+10.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио