Тарғиби имконоти сайёҳии Ӯзбекистон дар таксиҳои Душанбе

Date:

Ҳукуматдорони Ӯзбекистон баҳри ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон аз Тоҷикистон аз тарзу воситаҳои гуногун кор мегиранд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Кумитаи давлатии рушди сайёҳии Ӯзбекистон, яке аз ин тадбирҳо ҷойгир кардани рекламаи сайру саёҳатҳо дар автомашианҳои хадамоти таксии шаҳри Душанбе мебошад.

«Дар робита ба бекор шудани реҷаи раводид байни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, Кумита тарзу воситаҳои гуногунро барои ҷалби шумори ҳарчи бештари сайёҳон аз кишвари ҳамсоя истифода мекунад», – омадааст дар маълумоти Кумита.

Ҳадафи ин иқдом ҳарчи бештар баланд бардоштани сатҳи огаҳии аҳолии Тоҷикистон аз имконоти сайёҳии ҳамсоякишвар, таваҷҷуҳи онҳо ба макони тамошобоб ва мероси фарҳангиву таърихии Ӯзбекистон унвон мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...