Равуои ҳамарӯзаи беш аз 10 ҳазор нафар дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон

Бино ба маълумоти Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон, баъди бекор шудани реҷаи раводид байни Тоҷикистону Ӯзбекистон, марзи кишварҳоро дар самтҳои Турсунзода – Сариосиё ва Панҷакент – Самарқанд ҳамарӯза ба ҳисоби миёна то 2 ҳазор нафар шаҳрвнадони ҳарду кишвар убур мекунанд. Ба иттилои манбаъ, дар дигар гузаргоҳҳои сарҳадӣ шумори хоҳишмандони убури марз ҳамарӯза аз 400 то […]

Аваз Юлдошев

Бино ба маълумоти Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон, баъди бекор шудани реҷаи раводид байни Тоҷикистону Ӯзбекистон, марзи кишварҳоро дар самтҳои Турсунзода – Сариосиё ва Панҷакент – Самарқанд ҳамарӯза ба ҳисоби миёна то 2 ҳазор нафар шаҳрвнадони ҳарду кишвар убур мекунанд.

Ба иттилои манбаъ, дар дигар гузаргоҳҳои сарҳадӣ шумори хоҳишмандони убури марз ҳамарӯза аз 400 то 1 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

«Дар маҷмӯъ ҳамарӯза беш аз 10 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар ҳарду кишвар сарҳади байнидавлатиро мегузаранд ва ин шумор ҳамарӯза дар ҳоли афзоиш аст», – хабар доданд аз Қушӯнҳои сарҳадии ҷумҳурӣ.

Ба гуфтаи котиби матбуотии Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистн Муҳаммад Улуғхоҷаев, Тоҷикистон тадриҷан шумори ҳайати сарҳадбононро дар марз бо Ӯзбекистон зиёд мекунад, то ки аз навбатпоийиҳои зиёд пешгирӣ карда шавад.

Тибқи маълумоти Вазорати корҳои хориҷии кишвари ҳамсоя, тӯли 9 моҳи соли 2017 дар Раёсати консулгарӣ ва муассисаҳои консулгарии ВКХ Ӯзбекистон аз ҳама бештар дар сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон расмиёт (амал) анҷом додаанд, ки ба 55 ҳазор адад баробар шудааст.

Ёдрас мекунем, ки дар сарҳади байни Тоҷикиситону Ӯзбекистон аз 1 март 1 гузаргоҳи роҳи оҳан, 8 нуқтаи гузаргоҳи автомашинаҳо ва 1 гузаргоҳи сарҳадӣ фаъолияти худро барқарор намуданд.

Дар ин бора санаи 21 феврал ҳукумати Ӯзбекистон қарор қабул кард.

Аз 1 март гузаргоҳҳои зерин ба фаъолият пардохтанд:

– Гузаргоҳи «Ҷартеппа» – байни шаҳри Панҷакенти Тоҷикистн ва Самарқанди Ӯзбекистон;

– Гузаргоҳҳои «Қӯшкент» ва «Учтурган» – байни ноҳияҳои Ғончӣ ва Зафарободи Тоҷикистон ва Ҷиззахи Ӯзбекистон;

Гузаргоҳҳои «Ховастобод» и «Бекобод» – байни ноҳияи Спитамени Тоҷикистон ва вилоятҳои Тошканду Сурхондарё;

– Гузаргоҳи «Пап» – байни ноҳияи Ашт ва вилояти Намангон;

– Гузаргоҳи «Равот» – байни шаҳри Конибодом ва вилояти Фарғона;

– Гузаргоҳи «Гулбаҳор» байни ноҳияи Шаҳритӯс ва вилояти Сурхондарё;

– Гузаргоҳи роҳи оҳани «Амузанг», ки вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистонро бо истгоҳи роҳи оҳани «Хошади» дар вилояти Хатлон пайваст мекунад.

Дар наздикии маҳаллаи аҳолинишини Ҷартеппа дар ноҳияи Ургути вилояти Самарқанд низ гузаргоҳи сарҳадӣ бо шаҳри Панҷакент боз шуд.

Тӯли 8 соли охир байни кишварҳо танҳо ду нуқтаи гузаштан тариқи роҳи заминӣ –  «Турсунзода – Сариосиё» ва «Фотеҳобод – Ойбек» амал мекарданд.

Аз оғози соли равон дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон ду гузаргоҳи замони президентии Ислом Каримов басташуда – «Андархон-Патар» ва «Қӯштегирмон» дубора ба кор шурӯъ намуданд.

Мутобиқи Созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон аз соли 2002, дар сарҳади давлатҳо 16 гузаргоҳ амал мекард, ки 9-тоаш мақоми байнулмилалӣ ва 7-тои боқимонда мақоми дуҷониба дошт.

Чортои онҳо гузаргоҳҳои наклиёти роҳи оҳан мебошанд. Дар вилояти Суғд 12 гузаргоҳи сарҳадӣ бо Ӯзбекистон мавҷуд буда, боқимонда дар вилояти Хатлон ва шаҳри Турсунзода ҷойгир мебошанд.

Қобили зикр аст, ки аксари гузаргоҳҳо солҳои ба сардӣ гароидани муносибатҳои давлатҳо, замони сари мансаб қарор доштани собиқ президенти даргузаштаи ин кишвар Ислом Каримов аз ҷониби Ӯзбекистон баста шуда буданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.