Гусели бори нахусти тантанавии наваскарон ба хизмат дар Душанбе

Дар Душанбе бори нахуст маросими тантанавии гусели наваскарон ба хизмати ҳарбӣ доир гардид. Ин маросим дар майдони «800-солагии Маскав» баргузор шуда, дар он даъватшавандагон аз 4 ноҳияи шаҳр, волидони онҳо, намояндагони мақомоти шаҳрдорӣ, аҳли ҷомеа ва рӯзноманигорон ширкат варзиданд. Ҳозирин наваскаронро ба хизмати шоиста ба ватан ҳидоят намуда, қабл аз нишаст ба автобусҳо барои онҳо […]

Asia-Plus

Дар Душанбе бори нахуст маросими тантанавии гусели наваскарон ба хизмати ҳарбӣ доир гардид.

Ин маросим дар майдони «800-солагии Маскав» баргузор шуда, дар он даъватшавандагон аз 4 ноҳияи шаҳр, волидони онҳо, намояндагони мақомоти шаҳрдорӣ, аҳли ҷомеа ва рӯзноманигорон ширкат варзиданд.

Ҳозирин наваскаронро ба хизмати шоиста ба ватан ҳидоят намуда, қабл аз нишаст ба автобусҳо барои онҳо консерт намоиш дода шуд. Қаблан дар пойтахт чунин маросими гусели ботантанаи даъватшавандагон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ба мушоҳида нарасида буд.

Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Абдумаҷид Усмонзода дар ин робита хабар дод, раиси пойтахт ҳанӯз санаи 19 март дар бораи баргузор намудани чорабиниҳо оид ба гусели наваскарон ба хизмати ҳарбӣ аз ҳамаи 4 ноҳияи шаҳр қарор ба имзо расонидааст.

Дар бораи шумори даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ аз Душанбе маълумот дастрас нест.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.