Чорабиниҳои дастаҷамъона дар Хуҷанд дар мавзӯи одоби шаҳрнишинӣ

Дар шаҳри Хуҷанд бо ҷалби фаъолон ва раисони гузару маҳаллаҳо бо ташаббуси шуъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ШВКД дар шаҳри Хуҷанд таҳти шиори «Шаҳрамонро обод месозем» дар мавзӯи одоби шаҳрнишинӣ, равнақ бахшидани корҳои ободонию сабзазоркунӣ чорабиниҳои мухталиф доир гардида истодааст. Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, ҳафтае як маротиба аъзоёни гурӯҳи корӣ дар маҷлисгоҳи […]

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд

Дар шаҳри Хуҷанд бо ҷалби фаъолон ва раисони гузару маҳаллаҳо бо ташаббуси шуъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ШВКД дар шаҳри Хуҷанд таҳти шиори «Шаҳрамонро обод месозем» дар мавзӯи одоби шаҳрнишинӣ, равнақ бахшидани корҳои ободонию сабзазоркунӣ чорабиниҳои мухталиф доир гардида истодааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, ҳафтае як маротиба аъзоёни гурӯҳи корӣ дар маҷлисгоҳи шуъбаи ВКД аз натиҷаи корбарӣ ҳисобот дода, мушкилиҳои ҷойдоштаро дар гузару маҳаллаҳо баррасӣ мекунанд.

Гуфта мешавад, ҳашару шанбегиҳои дастаҷамъона дар тамоми гузару маҳаллаҳои Хуҷанд гузаронида шуда, феълан гурӯҳҳои корӣ бобати тарғиби одоби шаҳрнишинӣ дар баландошёнаҳо дастур гирифтаанд.

Сардори Шуъбаи ВКД дар шаҳри Хуҷанд полковники милитсия Эмин Ҷалилзода дар ҷаласаи навбатӣ изҳор дошт, ки дар пештоқи айвону тирезаи биноҳои дар қадди роҳи нақлиётгард ҷойгир буда, овехтани либос, назди баландошёнаҳо худсарона сохтани тануру оташдон ҳусни шаҳрро коста гардонида меъёри шаҳрнишинӣ риоя намешавад.

Роҳбарияти шуъбаи милитсия бо қаноатмандӣ аз фаъолияти сафарбаршудагон қайд кард, ки танҳо дар заминаи ҳамкории якҷоя мо метавонем бо бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ҳангоми зарурият бо таъсиррасониҳои ҳуқуқӣ ин камбудиҳоро бартараф созем.

Дар ҷаласа таъкид гардидааст, ки нишондиҳандаҳои ҳар як аъзои гурӯҳи корӣ баҳогузорӣ гардида, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ ва Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд барои фаъолияти самаранок қадршиносӣ карда мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.