Дар шаҳри Душанбе рӯзҳои 15-16 марти соли 2018 дар доираи Ташаббуси Иттиҳоди Аврупо (ИА) оид ба таъсиси Марказҳои илмиву навоварӣ барои мубориза алайҳи хатароти кимиёвӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ҳастаӣ (ХКБРҲ) ҷаласаи 7-уми минтақавии мизи мудаввар барои минтақаи Осиёи Марказӣ баргузор гардид.
Ба наздикӣ ба Ташаббуси мазкур боз ду кишвари дигар – Покистон ва Муғулистон ҳамроҳ шуданд. Акнун теъдоди умумии кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, ки бо Ташаббус оид ба таъсиси Марказҳои илмиву навоварӣ барои ХКБРҲ фаро гирифта шудаанд, ба шаш мерасад: Афғонистон, Қирғизистон, Муғулистон, Покистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон. Қазоқистон танҳо дар лоиҳаи ҷории Ташаббуси мазкур иштирок мекунад.
Дар мизи мудаввар ҳамоҳангсозони миллӣ ва коршиносони дахлдор аз кишварҳои шарик, Комиссияи Аврупо ва Институти байниминтақавии илмию таҳқиқотии СММ оид ба масъалаҳои ҷиноят ва адолати судӣ (ЮНИКРИ) иштирок намуданд. Ҷаласа таҳти раёсати Директори Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамоҳангсози миллӣ дар Тоҷикистон, доктор Илҳом Мирсаидов ва ҷаноби Бахтиёр Ғуломов, Сардори нозироти давлатии Ӯзбекистон "Саноатгеоконтехназорат" ва Роҳбари котиботи минтақавӣ баргузор гардид.
Мизи мудаввар имкон фароҳам овард, ки пешравиҳои то ба имрӯз дар минтақаи Осиёи Марказӣ бадастомада таҳлил гардида, иқдому фаъолиятҳои минбаъда ба нақша гирифта шаванд, инчунин афзалиятҳои нави минтақавӣ, аз қабили пешниҳодҳо дар бораи таҳияи нақшаи амали минтақавӣ мутобиқи Қарори №1540 Шӯрои Амнияти СММ муҳокима шуданд.
Илова бар ин, фаъолият дар соҳаи навоварӣ баҳри таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ, бахусус баланд бардоштани сатҳи огоҳии мактаббачагону донишҷӯён дар бораи ХКБРҲ баррасӣ гардидааст. Мизи мудаввар инчунин ба татбиқи лоиҳаи нав оид ба идорасозии партовҳои биологӣ ва кимиёвӣ дар Осиёи Марказӣ оғоз бахшид.
Ҷаласа дар Маркази нави таълимии минтақавӣ оид ба назорати содирот ва паҳн нашудани силоҳи қатли ом дар назди Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид ва иштирокчиён имкон пайдо карданд, ки аз объектҳои таъмиршуда дидан кунанд.
Ташаббуси Иттиҳоди Аврупо оид ба таъсиси Марказҳои илмиву навоварӣ дар ҳоли ҳозир 8 минтақа ва 60 кишвари шарикро фаро мегиранд. Котиботи минтакавии ХКБРҲ дар Осиёи Марказӣ 6 кишвари шарикро дар бар мегирад: Афғонистон, Қирғизистон, Муғулистон, Покистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ки Котиботи минтақавӣ дар он ҷо қарор дорад.
Котиботи минтақавӣ бо кишварҳои номбурда барои амалӣ намудани нақшаю тадбирҳои сиёсӣ, таҳияи муштараки пешниҳодҳои минтақавӣ оид ба лоиҳаҳои барои мубориза алайҳи хатароти ХКБРҲ ҳамкорӣ карда, онҳоро дар ин роҳ ҳавасманд месозад.




