Сафар ба Ӯзбекистон бо мошинҳои сиёҳшиша манъ шуд

Чанде аз хонандагон ба идораи «Азия-Плюс» муроҷиат намуда, изҳор доштанд, ки ворид шудан ба қаламрави Ӯзбекистон бо мошинҳои сиёҳшиша манъ шудааст, ҳарчанд рӯзҳои ҷашни Наврӯз ба автомашианҳои сиёҳшиша аз Тоҷикистон иҷоза шуда буд, ки бемамониат дар дохили ин кишвар ҳаракат кунанд. «Ман дар Тошканду Самарқанд будам, лекин ҳозир вақте хостам, ки дубора ба Ӯзбекистон ворид […]

Чанде аз хонандагон ба идораи «Азия-Плюс» муроҷиат намуда, изҳор доштанд, ки ворид шудан ба қаламрави Ӯзбекистон бо мошинҳои сиёҳшиша манъ шудааст, ҳарчанд рӯзҳои ҷашни Наврӯз ба автомашианҳои сиёҳшиша аз Тоҷикистон иҷоза шуда буд, ки бемамониат дар дохили ин кишвар ҳаракат кунанд.

«Ман дар Тошканду Самарқанд будам, лекин ҳозир вақте хостам, ки дубора ба Ӯзбекистон ворид шавам, иҷоза надоданд. Аксари мошинҳое, ки аллакай маблағи полиси суғуртавиро пардохт карданд, маҷбур шуданд, ки шишаҳои мошинро тоза карда, баъд ба қаламрави Ӯзбекистон ворид шаванд», – гуфт яке аз онҳо.

Дар ҳамин ҳол, қаблан ВАО-и Ӯзбекистон, аз ҷумла Агентии давлатии УзА хабар доданд, ки тибқи қонунгузорӣ сиёҳ кардани шишаи автомашинаҳо дар ин кишвар манъ буда, иҷрои ин қонун барои сайёҳон ҳам дахл дорад.

Зикр гардида буд, ки сайёҳонро оид ба ин масъала замони вуруд ба Ӯзбекистон дар сарҳад огоҳ мекунанд ва агар ронанда шишаи мошинҳояшро тоза накунад, корманди БДА метавонад ӯро ҷарима кунад.

Лекин баъдан нашрияи Nuz.uz бо истинод ба Раёсати БДА Тошканд хабар дод, ки дар мавриди ин кор дар давраи рӯзҳои ид ба шаҳрвандони хориҷие, ки тариқи транзит аз Ӯзбекистон мегузаранд, сайёҳон ва кормандони намояндагони дипломатӣ ҳаракат бо автомашинаҳои сиёҳшиша иҷоза мешавад.

Маълум мешавад, ки ин истисно танҳо дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз амал мекардааст. Аз ин рӯ, акнун шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо автомашинаи худ азми сафар ба Ӯзбекистонро доранд, бояд ин масъаларо ба инобат бигиранд, ки дигар бо шишаҳои сиёҳ ворид шудани автомашинаро ба ин кишвар иҷоза намедиҳанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.