Барои риоя нашудани меъёрҳои бехатарӣ дар иншооти гидротехникӣ масъулият ҷорӣ мешавад

Палатаи поёнии парлумон имрӯз аз лоиҳаи тағйироту иловаҳо ба қонун «Дар бораи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ» ҷонибдорӣ намуд. Зимни суханронӣ оид ба ин масъала муовини аввали вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Султон Раҳимзода изҳор намуд, ки дар қонуни соли 2011 қабулшуда доштани эъломияи бехатарӣ барои иншооти гидротехникӣ пешбинӣ шудааст, лекин бисёре аз иншоот дар Тоҷикистон […]

Палатаи поёнии парлумон имрӯз аз лоиҳаи тағйироту иловаҳо ба қонун «Дар бораи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ» ҷонибдорӣ намуд.

Зимни суханронӣ оид ба ин масъала муовини аввали вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Султон Раҳимзода изҳор намуд, ки дар қонуни соли 2011 қабулшуда доштани эъломияи бехатарӣ барои иншооти гидротехникӣ пешбинӣ шудааст, лекин бисёре аз иншоот дар Тоҷикистон то ҳол чунин эъломия надоранд.

Ба қавли Раҳимзода, хадамоти бехатарии иншооти гидротехникии Тоҷикистон, ки соли 2014 таъсис ёфт, барои таҳияи эъломияи бехатарии чунин иншоот имкон надорад.

Тағйироти имрӯз қабулшуда ба қонун барои ҷалби имконоти доираҳои дахлдори илмӣ ва лоиҳакашии Тоҷикистон ҷиҳати таҳияи эъломияи бехатарии иншоооти гидротехникӣ шароит фароҳам меорад.

Ғайр аз ин, имрӯз вакилони мардумӣ ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тағйирот ворид намуданд, ки мувофиқи он, барои риоя накардани меъёрҳои бехатарӣ дар иншооти гидротехникӣ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар ҳаҷми аз 250 сомонӣ то 75 ҳазор сомонӣ ҷарима мешаванд. Қаблан дар ин самт дар қонунгузорӣ ҳеҷ масъулияте пешбинӣ нашуда буд.

Дар посух ба саволи раиси парлумон Шукурҷон Зуҳуров дар бораи ба номгӯи иншооти гидротехникӣ дохил шудани кадом иншоот, Раҳимзода қайд кард, ки ба ин рӯйхат сарбанди нерӯгоҳҳо, дарғоти обанборҳо , каналҳо ва пойгоҳҳои обкашӣ дохиланд.

Ба гуфтаи Султон Раҳимзода, кишварҳои поёноби минтақаи Осиёи Марказӣ, ки аз каналу обанборҳои Тоҷикистон об мегиранд, имрӯз ба кишвар барои нигаҳдориву таъмири онҳо кам кумак мекунанд, зеро дар ин хусус созишномаҳои байнидавлатӣ ба имзо нарасидааст.

«То соли 2008 барои нигаҳдориву таъмини кори баъзе обанборҳову дарғоти шимоли кишвар Ӯзбекистон бо техникаву қувваи корӣ кумак мекард, – гуфт Раҳмизода. – Соли 2011 Ӯзбекистон барои таъмини кори обанбори Қайроққум ба сифати кумаки башардӯстона 330 ҳазор доллар маблағ ҷудо кард».

Зимнан зикр шуд, ки имрӯз Душанбе ва Тошканд масъалаи мазкурро мавриди омӯзиш қарор дода, Тоҷикистону Қазоқистон аз рӯи ин масъала лоиҳаи созишнома омода кардаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.