Зинаи аввали Қирғизистон миёни кишварҳои ОМ аз лиҳози сифати баргузории интихобот

Дар гузориши лоиҳаи «Арзишҳои интихобот», ки дар он сифати баргузории интихобот дар кишварҳои саросари ҷаҳон арзёбӣ мешавад, байни давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ (ОМ) Қирғизистон зинаи аввалро ишғол кард, хабар медиҳад CA-NEWS. Дар ин гузориш, ки ба сифати баргузории интихобот дар 164 кишвар баҳогузорӣ шудааст, Қирғизистон 53 PEI Index, Қазоқистон – 45, Ӯзбекистон – 38, Тоҷикистон […]

Дар гузориши лоиҳаи «Арзишҳои интихобот», ки дар он сифати баргузории интихобот дар кишварҳои саросари ҷаҳон арзёбӣ мешавад, байни давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ (ОМ) Қирғизистон зинаи аввалро ишғол кард, хабар медиҳад CA-NEWS.

Дар ин гузориш, ки ба сифати баргузории интихобот дар 164 кишвар баҳогузорӣ шудааст, Қирғизистон 53 PEI Index, Қазоқистон – 45, Ӯзбекистон – 38, Тоҷикистон – 36 ва Туркманистон – 34 PEI Index гирифтаанд.

Гуфта мешавад, дар ин гузориш 285 маъракаи интихоботи парлумонӣ ва президентӣ дар 164 кишвар аз 1 июли соли 2012 то 31 декабри соли 2017 таҳлил шудааст.

Зинаи аввали рейтингро – Дания, Финландия ва Норвегия ва зинаҳои охирро Эфиопия, Гвинеяи Экваториалӣ, Сурия ва Бурунди касб кардаанд.

Дар гузориш оид ба мутобиқати интихобот дар кишварҳо ба меъёрҳои мукаммалии интихоботӣ назари 3253 нафар коршиносон доир ба 285 маъракаи интихобот дар 164 кишвар гирдоварӣ шудааст.

Гузориш дар доираи лоиҳаи «Арзишҳои интихобот асосан дар Донишгоҳи Сидней ва Донишгоҳи Гарвард таҳия шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.