Баррасии ташаббуси ИА оид ба таъсиси марказҳои мубориза алайҳи хатарҳои кимиёвӣ ва ҳастаӣ

Дар шаҳри Душанбе рӯзҳои 15-16 марти соли 2018 дар доираи Ташаббуси Иттиҳоди Аврупо (ИА) оид ба таъсиси Марказҳои илмиву навоварӣ барои мубориза алайҳи хатароти кимиёвӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ҳастаӣ (ХКБРҲ) ҷаласаи 7-уми минтақавии мизи мудаввар барои минтақаи Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Ба наздикӣ ба Ташаббуси мазкур боз ду кишвари дигар – Покистон ва Муғулистон ҳамроҳ […]

Дар шаҳри Душанбе рӯзҳои 15-16 марти соли 2018 дар доираи Ташаббуси Иттиҳоди Аврупо (ИА) оид ба таъсиси Марказҳои илмиву навоварӣ барои мубориза алайҳи хатароти кимиёвӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ҳастаӣ (ХКБРҲ) ҷаласаи 7-уми минтақавии мизи мудаввар барои минтақаи Осиёи Марказӣ баргузор гардид.

Ба наздикӣ ба Ташаббуси мазкур боз ду кишвари дигар – Покистон ва Муғулистон ҳамроҳ шуданд. Акнун теъдоди умумии кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, ки бо Ташаббус оид ба таъсиси Марказҳои илмиву навоварӣ барои ХКБРҲ фаро гирифта шудаанд, ба шаш мерасад:  Афғонистон, Қирғизистон, Муғулистон, Покистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон. Қазоқистон танҳо дар лоиҳаи ҷории Ташаббуси мазкур иштирок мекунад.

Дар мизи мудаввар ҳамоҳангсозони миллӣ ва коршиносони дахлдор аз кишварҳои шарик, Комиссияи Аврупо ва Институти байниминтақавии илмию таҳқиқотии СММ оид ба масъалаҳои ҷиноят ва адолати судӣ (ЮНИКРИ) иштирок намуданд. Ҷаласа таҳти раёсати Директори Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамоҳангсози миллӣ дар Тоҷикистон, доктор Илҳом Мирсаидов ва ҷаноби Бахтиёр Ғуломов, Сардори нозироти давлатии Ӯзбекистон "Саноатгеоконтехназорат" ва Роҳбари котиботи минтақавӣ баргузор гардид.

Мизи мудаввар имкон фароҳам овард, ки пешравиҳои то ба имрӯз дар минтақаи Осиёи Марказӣ бадастомада таҳлил гардида, иқдому фаъолиятҳои минбаъда ба нақша гирифта шаванд, инчунин афзалиятҳои нави минтақавӣ, аз қабили пешниҳодҳо дар бораи таҳияи нақшаи амали минтақавӣ мутобиқи Қарори  №1540 Шӯрои Амнияти СММ муҳокима шуданд.

Илова бар ин, фаъолият дар соҳаи навоварӣ баҳри таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ, бахусус баланд бардоштани сатҳи огоҳии мактаббачагону донишҷӯён дар бораи ХКБРҲ баррасӣ гардидааст. Мизи мудаввар инчунин  ба татбиқи лоиҳаи нав оид ба идорасозии партовҳои биологӣ ва кимиёвӣ дар Осиёи Марказӣ оғоз бахшид.

Ҷаласа дар Маркази нави таълимии минтақавӣ оид ба назорати содирот ва паҳн нашудани силоҳи қатли ом дар назди Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид ва иштирокчиён имкон пайдо карданд, ки  аз объектҳои таъмиршуда дидан кунанд.

Ташаббуси Иттиҳоди Аврупо оид ба таъсиси Марказҳои илмиву навоварӣ дар ҳоли ҳозир 8 минтақа ва 60 кишвари шарикро фаро мегиранд. Котиботи минтакавии ХКБРҲ дар Осиёи Марказӣ 6 кишвари шарикро дар бар мегирад: Афғонистон, Қирғизистон, Муғулистон, Покистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ки Котиботи минтақавӣ дар он ҷо қарор дорад.

Котиботи минтақавӣ бо кишварҳои номбурда барои амалӣ намудани нақшаю тадбирҳои сиёсӣ, таҳияи муштараки пешниҳодҳои минтақавӣ оид ба лоиҳаҳои барои мубориза алайҳи хатароти ХКБРҲ ҳамкорӣ карда, онҳоро дар ин роҳ ҳавасманд месозад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.