Ному насаби марзбонони сӯи моҳигирон тиркушода маълум шуд

Суди гарнизони ҳарбии Хуҷанд рӯзи 3 апрел ба баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбати ду нафар сарбози Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон ба иттиҳоми баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ оғоз намуд. Онҳо сӯи моҳигирон тир кушода, дар натиҷа ду нафари онҳо ҳалок шуда буданд. То ҳол дар бораи сарҳадбонони дар курсии айбдорӣ нишаста ҳеҷ маълуомте дастрас набуд. Дар […]

Суди гарнизони ҳарбии Хуҷанд рӯзи 3 апрел ба баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбати ду нафар сарбози Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон ба иттиҳоми баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ оғоз намуд. Онҳо сӯи моҳигирон тир кушода, дар натиҷа ду нафари онҳо ҳалок шуда буданд.

То ҳол дар бораи сарҳадбонони дар курсии айбдорӣ нишаста ҳеҷ маълуомте дастрас набуд. Дар ҷараёни мурофиаи судӣ маълум шуд, ки онҳо хизматчиёни ҳарбии қисми 0215-и Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Хусрав Меликов ва Ҷонибек Ирсалиев мебошанд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» яке аз наздикони моҳигири ҳалокшуда хабар дод.

Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон чун пешина дар мавриди ин масъала хомӯширо ихтиёр карда, аз шарҳу тавзеҳ худдорӣ меварзанд.

Ёдрас мекунем, ки сафар ба моҳидории 4 сокини шаҳраки Гулистони ҷамоати Кӯлқанди шаҳри Исфара ба Конибодом рӯзи 7 январи соли равон фоҷеабор анҷом ёфт: ҳарбиён сӯи онҳо тир холӣ карданд, ки дар натиҷа 2 нафари онҳо ба ҳалокат расиданд. Яке аз онҳо – Абӯбакр Бобоев баъди ҳодиса дигар ба ҳуш наомада ҳалок ва дуюмӣ – Қодирхон Усмонхоҷаев баъдтар фавтид.

Сарҳадбонон мегӯянд, онҳо мувофиқи низомнома амал кардаанд: аввал барои огоҳӣ ба ҳаво тир холӣ карда, сипас маҷбур аз қафои автомашинаи моҳигирон, ки бо он рафтанӣ буданд.

Моҳигирон бошанд, бар ин назаранд, ки онҳо дар ҷойи барои моҳидорӣ муқарраршуда моҳигирӣ мекарданд ва сарҳадбонон  ҳуқуқ надоштанд, ки ба онҳо даъво пеш оранд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.