Дастури дарёфти воситаҳои ҳалли мушкилот байни «Барқи тоҷик» ва «Сангтӯда-1»

Муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим бо роҳбарони блоки Раёсати дороиҳо ва ташкили кор бо дороиҳо дар Осиёи Марказӣ ва Қафқози ҶСК “Сангтӯда-1” ва директори ҶСК НБО “Сангтӯда-1” дар Тоҷикистон мулоқот намуд. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», дар мулоқот масъалаҳои иҷрои муқаррароти Протоколи ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматии  Тоҷикистон ва Россия оид ба ҳамкории иқтисодӣ, мувофиқакунонии модели […]

АМИТ «Ховар»

Муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим бо роҳбарони блоки Раёсати дороиҳо ва ташкили кор бо дороиҳо дар Осиёи Марказӣ ва Қафқози ҶСК “Сангтӯда-1” ва директори ҶСК НБО “Сангтӯда-1” дар Тоҷикистон мулоқот намуд.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», дар мулоқот масъалаҳои иҷрои муқаррароти Протоколи ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматии  Тоҷикистон ва Россия оид ба ҳамкории иқтисодӣ, мувофиқакунонии модели молиявию иқтисодии баргардонидани сармояи Тарафҳо, нақшаи пӯшонидани қарзи ШСХК “Барқи Тоҷик” дар назди ҶСК НБО “Сангтӯда-1”, самаранок истифода бурдани фоида аз сармояи ҷалбгардида ва имкониятҳои иловагии кашфи бозорҳои нави содироти барқ ба кишварҳои ҳамсоя мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Бо қаноатмандӣ зикр карда шуд, ки  ШСХК “Барқи Тоҷик” соли 2017 бо назардошти ҳисоббаробаркуниҳо 290 млн. сомонӣ пардохт кардааст ва бо ин метавон гуфт, ки уҳдадориҳои худро дар назди ҶСК НБО “Сангтӯда-1” асосан иҷро намуда истодааст. Модели молиявию иқтисодии баргардонидани сармояи Тарафҳо низ байни ин ду сохтор асосан мувофиқа шуда, масъалаи самаранок истифода бурдани фоида аз сармояи ҷалбгардидаро Тарафҳо бо нигоҳи ҳуд ҳал менамоянд.

Ҷониби Федератсияи Россия ҳавасмандии худро ҷиҳати кашфи бозорҳои нави истифодаи барқ баён намуд.

Зикр шуд, ки дар фаъолияти байни субъектҳо масъалаҳое ҳастанд, ки таҳқиқоти бештар талаб менамоянд. Аз ин лиҳоз ба гурӯҳҳои кории соҳавӣ супориш дода шуд, ки роҳи ҳалли онҳоро бо назардошти манфиати ҳарду ҷониб таҳия ва пешниҳод намоянд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.