Оғози тафтиши марги Абдурасул Назаров дар прокуратура ва ВКД

Прокуратураи шаҳри Душанбе аз рӯи далели марги Абдурасул Назаров, ки баъди боздошт аз ҷониби кормандони милитсияи ШВКД Сино-2 ҳалок шуд, санҷишро оғоз намуд. Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ низ тафтиши дохилӣ мегузаронад. «Бо мақсади муайян кардани далелҳо, яъне дарвоқеъ ҳам даст доштани кормандони ШВКД ба марги боздоштшуда Абдурасул Назаров мо санҷиши дохилиро оғоз намудем. Прокуратураи шаҳри […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Прокуратураи шаҳри Душанбе аз рӯи далели марги Абдурасул Назаров, ки баъди боздошт аз ҷониби кормандони милитсияи ШВКД Сино-2 ҳалок шуд, санҷишро оғоз намуд. Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ низ тафтиши дохилӣ мегузаронад.

«Бо мақсади муайян кардани далелҳо, яъне дарвоқеъ ҳам даст доштани кормандони ШВКД ба марги боздоштшуда Абдурасул Назаров мо санҷиши дохилиро оғоз намудем. Прокуратураи шаҳри Душанбе низ санҷиш мегузаронад. Аз натиҷаҳои он баъдан васоити ахбори оммаро огоҳ мекунем», – хабар дод ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ.

Тавре қаблан хабар дода будем, рӯзи 28 март кормандони Шуъбаи ВКД-2 ноҳияи Синои пойтахт рӯзи 28 март сокини шаҳри Кӯлоб Абдурасул Назаровро, ки бо оилааш муваққатан дар шаҳри Душанбе иқомат дошт, боздошт кардаанд. Рӯзи 29 март кормандони милитсия ӯро ба Маркази миллии тиббӣ меоранд.

Дар қабулгоҳи марказ табибон баъди муоина марги ӯро тасдиқ мекунанд: яъне вақте кормандони милитсия ӯро ба бемористон меоранд, ӯ аллакай мурда буд, хабар дода буд ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Маркази миллии тиббӣ (Қарияи Боло).

Дар ҳамин ҳол, тавре ба «Азия-Плюс» аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маълум шуд, А.Назаровро кормандони милитсия ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт кардаанд. Як рӯз пеш аз боздошти А.Назаров, бо як миқдор маводи нашъаовар сокини пойтахт боздошт шудааст, ки ба хотири халалдор насохтани ҷараёни тафтишот аз ифшои ному насабаш худдорӣ варзида шуд.

Зимни бозпурсӣ ӯ баёнот додааст, ки ин миқдори маводи нашъаоварро ӯ барои минбаъд паҳн кардан аз Абдурасул Назаров гирифтааст.

«Баъди ба бинои ШВКД-2 ноҳияи Сино овардан, Назаров ба сактаи дил (инфаркт) гирифтор шуда, дар роҳ ба бемористон ҳалок шуд», – хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти корҳои дохилӣ.

Ӯ ба «Азия-Плюс» итминон дод, ки табибони қабулгоҳи Маркази миллии тиббӣ марги ӯро аз бемории дил дар ҳуҷҷатҳо сабт кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, Садбарг Бобохонова, ҳамсари А.Назаров дар мусоҳиба ба Радиои Озодӣ изҳор доштааст, ки «дар тани шавҳарам доғҳои сиёҳ буд, дастонаш, як тарафи сараш захм дорад, дар чеҳрааш осори латту кӯб ҳаст».

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.