Суръати афзоиши қарзи «Барқи тоҷик» назди «Сангтӯда-1» афзуд

Семоҳаи аввали соли ҷорӣ қарзи ширкати «Барқи тоҷик» назди нерӯгоҳи Сангтӯда-1» қариб 130 млн. сомонӣ зиёд шуда, айни замон ҳаҷми умумии қарз 894 млн. 200 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Қобили зикр аст, ки давоми тамоми соли 2017 ҳаҷми ин қарзи ширкат назди нерӯгоҳ дар маҷмӯъ 110 млн. сомонӣ зиёд шуда буд. Ба сурати умум, давоми […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Семоҳаи аввали соли ҷорӣ қарзи ширкати «Барқи тоҷик» назди нерӯгоҳи Сангтӯда-1» қариб 130 млн. сомонӣ зиёд шуда, айни замон ҳаҷми умумии қарз 894 млн. 200 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки давоми тамоми соли 2017 ҳаҷми ин қарзи ширкат назди нерӯгоҳ дар маҷмӯъ 110 млн. сомонӣ зиёд шуда буд.

Ба сурати умум, давоми 10 соли фаъолияти нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ширкати «Барқи тоҷик» ҳамагӣ наздики 64%-и маблағи нерӯи барқи истеҳсолшударо пардохт намудааст.

Аз замони мавриди истифода қарор гирифтани нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» (20 январи соли 2008) дар он беш аз 18,7 млрд. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол шуда, арзиши умумии он 2 млрд. 444,5 млн. сомониро ташкил медиҳад, гуфта мешавад дар сомонаи Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «НБО Сангтӯда-1».

Ҳамин тариқ, ширкати «Барқи тоҷик», ки имрӯз ягона харидори нерӯи барқи «Сангтӯда-1» ба шумор меравад, ба нерӯгоҳи муштараки Русия ва Тоҷикистон давоми тамоми муддати фаъолияти он 1 млрд. 550, 3 млн. сомонӣ ё худ 63,4% аз маблағи умумии нерӯи барқи гирифтаашро пардохт кардааст.

ҶСК «Нерӯгоҳи обӣ-барқии Сангтӯда-1» корхонаи муштараки Тоҷикистону Русия аст, ки соли 2006 бо мақсади анҷоми сохтмон ва истифодаи минбаъдаи нерӯгоҳи обӣ-барқӣ дар рӯдхонаи Вахши Тоҷикистон таъсис ёфт. Маблағи умумии лоиҳа зиёда аз 600 млн. доллари амрикоиро ташкил дода, 25%+1 саҳмияи он дар ихтиёри Тоҷикистон мебошад.

Иқтидори тавлидотии нерӯгоҳ 670 мегаватт арзёбӣ шудааст. Лекин имрӯз иқтидори воқеъии нерӯгоҳ 160 Мвт-ро ташкил медиҳад. Дар робита ба мавҷуд набудани бозори фурӯш, айни замон дар нерӯгоҳ шабонарӯзӣ ҳамагӣ каме бештар аз 5 млн. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио