60 гранти раиси вилояти Суғд баҳри дастгирии занони ҳунарманду эҷодкор

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода фаъолияти соҳибкорзанони минтақаи шимоли кишварро бо грантҳо дастгирӣ кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, бо мақсади дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорзанони ҳунарманд ва эҷодкор, бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон, дастгирии рушди ҳунарҳои дастӣ ва меҳнати хонагӣ (бофандагӣ, дӯзандагӣ, армуғонсозӣ, кулолгарӣ, чӯбкорӣ, ресандагӣ, читгарӣ, рассомӣ ва дигар […]

Asia-Plus

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода фаъолияти соҳибкорзанони минтақаи шимоли кишварро бо грантҳо дастгирӣ кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, бо мақсади дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорзанони ҳунарманд ва эҷодкор, бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон, дастгирии рушди ҳунарҳои дастӣ ва меҳнати хонагӣ (бофандагӣ, дӯзандагӣ, армуғонсозӣ, кулолгарӣ, чӯбкорӣ, ресандагӣ, читгарӣ, рассомӣ ва дигар намудҳои ҳунарҳои мардумӣ) ба маблағи умумии 420 ҳазор сомонӣ 60 грант ҷудо мешавад.

Тибқи қарори қабулшуда, 15 грант ҳар яке дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ, 15 грант ҳар яке дар ҳаҷми 8 ҳазор сомонӣ ва 30 грант ҳар яке дар ҳаҷми 5 ҳазор сомонӣ таъсис дода хоҳад шуда, грантҳо ба занони ҳунарманд, эҷодкор ва соҳибкорони инфиродӣ дар асоси озмун ҷудо карда мешаванд.

Зимнан зикр мегардад, ки занони ҳунарманд, эҷодкор ва соҳибкорони инфиродӣ метавонанд барои дарёфти маълумоти бештар ба Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят муроҷиат намоянд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.