Пайкараҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ дар Душанбе

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оид ба таҳияи беҳтарин муҷассамаҳои мутафаккирон дар боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ» озмун эълон кард. Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, барои таҳияи беҳтарин муҷассамаҳои мутафаккирон Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ ва Низомиддин Алишер Навоӣ дар боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ» аз 16 апрели соли 2018 то 15 июни соли […]

Asia-Plus

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оид ба таҳияи беҳтарин муҷассамаҳои мутафаккирон дар боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ» озмун эълон кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, барои таҳияи беҳтарин муҷассамаҳои мутафаккирон Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ ва Низомиддин Алишер Навоӣ дар боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ» аз 16 апрели соли 2018 то 15 июни соли 2018 бо ҷамъбасти он на дертар аз 20 июни соли 2018, тавассути нашрияҳои ҷумҳуриявию маҳаллӣ ва шабакаҳои интернетӣ байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ озмуни кушод эълон карда шуд.

Пайкараҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ ҳамчун рамзи дӯстии чандинасраи мардуми Тоҷикистону Ӯзбекистон гузошта мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки дар остонаи сафари президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ» иваз намудани номи боғи «50-солагии ҷавонон», воқеъ дар кӯчаи Беҳзоди шаҳри Душанбе амр ба имзо расонид.

Тибқи дастури дигари Президенти мамлакат, дар ин боғ пайкараҳои Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ ва Низомиддин Алишер Навоӣ ҳамчун рамзи дӯстии халқҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон гузошта мешавад.

Қобили зикр аст, ки моҳи феврали соли равон дар бораи дубора барқарор кардани пайкараҳои Алишери Навоӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ, ки соли 2009 барканда шуда буд, маълумот мунташир шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Пас аз мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе, дар радабандии ҷаҳонии IJF ду натиҷаи таърихӣ барои Тоҷикистон сабт шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст