Байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 12 хатсайри автобус боз мешавад

Созишнома дар бораи барқарор кардани равуои автобусҳо байни шаҳрҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон охири ҳафтаи гузашта дар Тошканд ба имзо расид. Тавре ба «Азия-Плюс» намояндаи ширкати тоҷикистонии «Asian Express» дар ин робита хабар дод, созишнома аз ҷониби намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Агентии нақлиёти автомобилии Ӯзбекистон ба имзо расидааст. Бино ба иттилои манбаъ, аввали моҳи май равуо […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Созишнома дар бораи барқарор кардани равуои автобусҳо байни шаҳрҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон охири ҳафтаи гузашта дар Тошканд ба имзо расид.

Тавре ба «Азия-Плюс» намояндаи ширкати тоҷикистонии «Asian Express» дар ин робита хабар дод, созишнома аз ҷониби намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Агентии нақлиёти автомобилии Ӯзбекистон ба имзо расидааст.

Бино ба иттилои манбаъ, аввали моҳи май равуо автобусҳои мусофирбар байни кишварҳо оғоз мегардад.

Ба самтҳои Тошканд, Самарқанд, Фарғона, Деҳнав, Қӯқанд, Бухоро ва Тирмиз 12 хатсайри мунтазам кушода мешавад. Қаблан ифтитоҳи 4 хатсайр зикр гардида буд.

«Автобусҳо аз Душанбе ба шаҳрҳои Деҳнав ва Тирмиз, аз Панҷакент ба Самарқанду Бухоро, аз Хуҷанд ба шаҳрҳои Тошканду Фарғона, аз Шаҳритӯс ба Тирмиз, аз Исфара ва Конибодом ба Қӯқанд, Андиҷон, Намангон ва Фарғона раҳсипор мешаванд», – гуфт манбаъ.

Равуои автобусҳо ба шаҳрҳои Ӯзбекистонро аз ҷониби Тоҷикистон ширкати «Asian Express» анҷом дода, ширкати Ӯзбекистонро Агентии нақлиёти автомобилии ин кишвар муайян мекунад.

Нархи сафар ва ҷадвали равуои автобусҳо пас аз вохӯрии навбатии намояндагони ҳарду кишвар баъди 20 апрел дар Тошканд маълум мешаванд.

Қаблан дар Қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистон итминон дода буданд, ки зимни гузаштани сарҳад байни Тоҷикистону Ӯзбекистон мусофирон ба ҳеҷ мушкилие дучор нахоҳанд шуд.

«Дар қаламрави гузаргоҳи сарҳадӣ мусофирон аз автобус берун баромада, баъди санҷиши хеле кӯтоҳмуддати назорати сарҳадиву гумрукӣ ба сафар идома медиҳанд», – хабар дода буд ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев.

Қобили зикр аст, ки равуои автоубсҳо ва алоқаи ҳавоӣ байни шаҳрҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон соли 1992 қатъ шуда буданд.

Аз моҳи апрели соли гузашта байни Тошканд ва Душанбе баъди танаффуси 25-сола алоқаи ҳавоӣ барқарор карда шуд.

Нимаи моҳи марти соли 2018 реҷаи раводид байни кишварҳо бекор шуда, акнун шаҳрвандони ҳарду давлат метавонанд бидуни раводид ба муҳлати 30 рӯз ба қаламрави ҳамдигар равуо намоянд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.