Тақдими стипендияи раиси пойтахт дар ҷашни Рӯзи шаҳр

Date:

Дар ҷашни Рӯзи пойтахт ба муҳассилини мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва муассисаҳои таълимии касбӣ-техникии пойтахт стипендияи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ тақдим мегардад.

Ба рӯйхати гирандагони ин стипендия 200 нафар толибилмон шомил гардида, ҳаҷми моҳонаи стипендия 250 сомониро ташкил медиҳад.

Барои гирандагони стипендия кортҳо таҳия шудаанд, ки маблағ ба онҳо гузаронида мешавад, хабар доданд ба «Азия-Плюс» аз Раёсати маорифи шаҳри Душанбе.

«Пул ба кортҳо гузаронида мешавад ва дар ҷашни Рӯзи пойтахт санаи 21 апрел дар вазъи тантанавӣ дар Амфитеатр онҳо ба толибилмону донишҷӯён супурда мешаванд. Ҳамаи стипендия барои соли хониши 2017-2018 ба кортҳо гузаронида мешавад», – гуфт манбаъ.

Ҳамчунин зикр гардид, ки аз эҳтимол дур нест, ки кортҳоро шахсан раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ ё муовинони ӯ супоранд.

Ин стипендия соли гузашта дар доираи Соли ҷавонон дар Тоҷикистон таъсис дода шуд. Стипендия барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе барои 200 нафар ба маблағи 250 сомонӣ дар як моҳ ва барои нӯҳ моҳи соли хониш муқаррар шудааст.

Довталабони стипендияи Раиси пойтахт бояд аъло таҳсил намуда, рафтори намунавӣ дошта бошанд ва дар чорабиниҳои муассисаи таълимӣ ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон фаъолона ширкат варзанд.

Озмуни довталабон дар шакли тест аз рӯи фанҳо дар Маркази технолгияҳои компютерии шаҳри Душанбе тариқи мушоҳидаи видеоӣ сурат гирифт.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...