Селфи фоҷеабор анҷом ёфт: ду духтар ғарқ шуд

Кӯшиши худро акс гирифтан (селфи) фоҷеабор анҷом пазируфт: як духтар ба дарё афтода, дигарӣ ба наҷоти ӯ шитофт. Ҳарду ғарқ шуданд. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, 28-уми апрели соли равон, соати 17:10 ба қисми навбатдории Шӯъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар гурӯҳи ноҳияҳои Рашт хабар расид, ки сокини 19-солаи пойтахти кишвар, ки ба […]

Asia-Plus

Кӯшиши худро акс гирифтан (селфи) фоҷеабор анҷом пазируфт: як духтар ба дарё афтода, дигарӣ ба наҷоти ӯ шитофт. Ҳарду ғарқ шуданд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, 28-уми апрели соли равон, соати 17:10 ба қисми навбатдории Шӯъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар гурӯҳи ноҳияҳои Рашт хабар расид, ки сокини 19-солаи пойтахти кишвар, ки ба хонаи хешовандонаш ба меҳмонӣ омада буд, ҳангоми суратгирии селфи дар телефони ҳамраҳаш ба оби дарёи Сурхоб сарозер шуд.

«Ин духтар хостааст дар мавзеъи шӯхоб, дар манзараи туғёни мавҷи хурӯшони рӯди Сурхоб расм гирад ва пояш лағжидаву мувозинаташро гум кардааст. Духтари 15-сола аз ҷумлаи хешовандони вай, ки мехост кӯмакаш кунад, низ ҳамроҳ бо вай ба дарё рафт», – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, гурӯҳи фаврии наҷотдиҳандагони Кумита баъди дарёфти ин хабар фавран ба ҷустуҷӯи ғарқшудагон рафта, субҳи бармаҳали рӯзи 29-уми апрел ҷасади духтарони ҷавони ғарқшуда пайдо ва ба мақомоти милитсияи ноҳия супурда шуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар ин робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар бо эҳтиром хоҳиш мекунад, ки   дар соҳили рӯдхонаҳо, ҳавзу каналҳо чораҳои амниятиро риоя кунанд, аз аксбардорӣ дар қитъаҳои хатарноки кӯҳӣ ва дарёҳои тезоб худдорӣ намоянд. Кумита ҳамчунин ба волидон муроҷиат мекунад, ки бачаҳои худро беназорат нагузоранд!

Селфии фоҷеабор

Ҳамин гуна ҳодиса моҳи апрели соли гузашта рух дода буд. Санаи 25 апрел хонандаи синфи 9 Нишона Умарова назди дарёи Вахш худро акс гирифтанӣ шуда, ба дарё афтид. Дугонаҳояш ба кумак шитофтанд, лекин наҷоти духтар муяссар нашуд. Ҷасадӣ ӯ то ҳол дарёфт нашудааст. Он замон Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар дода буд, ки ин ҳодисаи аввалини зимни суратгирӣ (селфи) ҳалок шудан дар Тоҷикистон аст.

Маълумоти нахустини ҳалок шудани одамон зимни кӯшии суратгирии худ соли 2014 нашр шуданд, менависад Technologe Review. Гуфт мешавад, шумори ҳалокшудагон бар асари ин ҳодсаҳо соли 2014 – 25 нафар, соли 2015 – аллакай 39 кас, соли 2016 – 73 нафарро ташкил додааст

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.