АНОНС
– Дар доираи мусобиқаи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё дар Ашқобод вохӯрии дастаҳои «Аҳал» (Туркманистон) ва «Истиқлол» (Тоҷикистон) доир мегардад;
– Дар дафтари кории Федератсияи футболи Тоҷикистон соати 10:00 маросими қуръакашии марҳилаи пешакии мусобиқаи Ҷоми футболи Тоҷикистон баргузор мешавад.
ҚУРБИ АСЪОР
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА – 8.9010 сомонӣ;
1 евро – 10.7524 сомонӣ;
1 рубли русӣ – 0.1415 сомонӣ.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
Рӯзи байнулмилалии ҳамраъйии меҳнаткашон
1960 – Дар фазои шаҳри Свердловск ҳавопаймои ҷосусии амрикоии У-2 мавриди ҳадаф қарор гирифт, ки марзи давлатии ИҶШС-ро дар фазои Тоҷикистон ғайриқонунӣ убур намуда буд.
1993 – Нахустин 300 нафар гурезагон аз Афғонистон ба Тоҷикистон баргаштанд.
1901-1976 – Зодрӯзи оҳангсоз ва мусиқашинос Муҳаммадҷон Мӯъминов.
1914-1998 – Зодрӯзи арбоби давлатӣ Мирзо Раҳматов (Раиси Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС).
1916-1972 – Мавлуди коргардон Назрулло Тиллоев.
1922-1993 – Зодрӯзи арбоби давлатии Тоҷикистон Меҳрубон Назаров.
1928-1997 – Мавлуди Нависандаи халқии Тоҷикистон Ашӯр Сафар.
1928 – Зодрӯзи нависанда Бобо Ҳоҷӣ.
1929 – Мавлуди ҳунарманди кино, донишманд ва ҷамъоварандаи асбобҳои миллии мусиқӣ, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Гурминҷ Завқибеков.
1937 – Зодрӯзи ҳунарманди театру кино, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Марям Исоева.
1938-1993 – Мавлуди нависанда Бурҳон Ғанӣ.
1940 – Зодрӯзи мутарҷим Амирқул Насимов.
1946-2011 – Мавлуди аксбардор Қизилбой Афғонов.
1954 – Зодрӯзи журналист Ҳалимаи Хушқадам.
1965 – Мавлуди доктори улуми филология Мурод Муродов.
1975 – Зодрӯзи қахрамони ҷаҳон Толеъ Холназаров.
ВАЗЪИ ОБУҲАВО
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +11+16, рӯзона +20+25; дар доманакӯҳҳо шабона +2+7, рӯзона +10+15.
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18, рӯзона +22+27; дар доманакӯҳҳо шабона +9+14, рӯзона +15+20.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, боришот (борону барф) дар назар аст.
Ҳарорат: дар ғарб шабона +6+11, рӯзона +19+24; дар шарқ шабона -1-6, рӯзона +9+14.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +19+24; дар доманакӯҳҳо шабона +6+11, рӯзона +12+17.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.
Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +20+22.
Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.
Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +20+22.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.
Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +24+26.
Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +20+22.


