Даргузашти Бозор Собир. Президент ба интиқоли ҷасадаш ба ватан дастур дод

Имрӯз 1 майи соли 2018 соати 5-у 10 дақиқаи вақти Душанбе шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир дар синни 79-солагӣ дар яке аз бемористонҳои шаҳри Сиэтли Вашингтон, ки як моҳи охир табобат мегирифт, аз олам даргузашт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба наздикону пайвандони шоири маҳбуб изҳори тасаллият ва ҳамдардии […]

Имрӯз 1 майи соли 2018 соати 5-у 10 дақиқаи вақти Душанбе шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир дар синни 79-солагӣ дар яке аз бемористонҳои шаҳри Сиэтли Вашингтон, ки як моҳи охир табобат мегирифт, аз олам даргузашт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба наздикону пайвандони шоири маҳбуб изҳори тасаллият ва ҳамдардии амиқ баён намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:

«Бозор Собир аз зумраи шоирони ватансарое буд, ки дар тарбияи ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ ва ҳуввияти миллӣ заҳматҳои зиёде кашидааст, – омадааст дар тасаллият. – Тамоми эҷодиёти Бозор Собир, бахусус ашъори замони соҳибистиқлолияш, аз эҳсоси гарми ватандорию худшиносии миллӣ саршор аст. Ёди ӯ, сухани волову нотакрори шоири халқ- Бозор Собир то абад дар ёди мардум  боқӣ хоҳад монд».

Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон ба вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, Сафорати Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Америка ва Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид супориш дод, ки ҷасади шоир Бозор Собирро аз ИМА ба Ватан оварда, дар шаҳри Душанбе ба хок супоранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.