Ҳукми ҳабси абад ба 4 зани тоҷик дар Бағдод

Дар Бағдод суд чор зани тоҷикро барои узвият дар гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» ба ҳабси абад махқум кард. Дар ин бора чанде қабл як қатор ВАО-и хориҷӣ иттилоъ доданд. Ному насаби занон, ҷузъиёти масъала, зодаи кадом минтақаҳои Тоҷикистон будани ин занон ва кай ба Ироқ рафтанашон маълум нест. Бино ба маълумоти хабаргузории Франс-Пресс, дар суди […]

Дар Бағдод суд чор зани тоҷикро барои узвият дар гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» ба ҳабси абад махқум кард. Дар ин бора чанде қабл як қатор ВАО-и хориҷӣ иттилоъ доданд.

Ному насаби занон, ҷузъиёти масъала, зодаи кадом минтақаҳои Тоҷикистон будани ин занон ва кай ба Ироқ рафтанашон маълум нест.

Бино ба маълумоти хабаргузории Франс-Пресс, дар суди шаҳри Бағдод барои робита доштан бо гурӯҳи «Давлати исломӣ» 19 зан русиягӣ ва 6 зани озарбойҷонӣ ба ҳабси абад маҳкум шуданд. Дар ин гузориш гуфта мешавад, занони ҳиҷобпӯшро як нафарӣ ба толори суд даъват намуда, аксари онҳо дар дасташон кӯдакони хурдсол доштанд.

Дар ҳамин ҳол, сардори департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Вафо Ниятбеков ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки алҳол дар бораи занони маҳкумшудаи тоҷик дар Ироқ Тоҷикистон маълумот дар даст надорад.

Ӯ қайд кард, ки ба ҷониби Ироқ дар ин хусус дархости расмӣ ирсол шуда, ояндаи наздик дар ин бораи ин занҳо ба Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод мешавад.

Соли 2015 Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон маълумот дода буд, ки 154 оилаи тоҷикон ба Ироқу Сурия рафтанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.