Роҳандозии пардохти андоз бо истифода аз кортҳои бонкӣ

Таҳти сарпарастии Бонки миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи андоз ва ташкилотҳои қарзӣ лоиҳаи муштарак ҷиҳати роҳандозӣ намудани қабули андозҳо ба таври ғайринақдӣ бо истифодаи кортҳои пардохтии бонкӣ тавассути шабакаи Интернет амалӣ гардид. Бино ба иттилои шуъбаи матбуоти БМТ, татбиқи лоиҳаи мазкур ба дорандагони кортҳои пардохтӣ имконият медиҳад, ки минбаъд маблағҳои андозиро ба таври ғайринақдӣ […]

Asia-Plus

Таҳти сарпарастии Бонки миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи андоз ва ташкилотҳои қарзӣ лоиҳаи муштарак ҷиҳати роҳандозӣ намудани қабули андозҳо ба таври ғайринақдӣ бо истифодаи кортҳои пардохтии бонкӣ тавассути шабакаи Интернет амалӣ гардид.

Бино ба иттилои шуъбаи матбуоти БМТ, татбиқи лоиҳаи мазкур ба дорандагони кортҳои пардохтӣ имконият медиҳад, ки минбаъд маблағҳои андозиро ба таври ғайринақдӣ бо истифодаи воситаҳои муосири электронӣ пардохт намоянд. Инчунин, татбиқи Интернет-эквайринг имконият медиҳад, ки андозсупорандагон тавассути сомонаи Кумитаи андоз дар шабакаи Интернет андозҳоро ба таври ғайринақдӣ пардохт намоянд.

Бо роҳандозӣ намудани иқдоми мазкур шахсони воқеӣ ва соҳибкорони инфиродӣ имкон пайдо карданд, ки 24 соат дар як шабонарӯз ва 7 рӯз дар як ҳафта тамоми намуди андозҳоро бе ташриф овардан ба марказҳои хизматрасонии бонкӣ пардохт намоянд. Ба ҳолати имрӯза шумораи андозсупорандагон аз ҳисоби шахсони воқеӣ 4 млн. адад ва соҳибкорони инфиродӣ беш аз 270 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд. Дар баробари ин, дорандагони кортҳои пардохтии НП “Корти миллӣ” беш аз 1,4 млн. нафар буда, 83 фоиз аз шумораи умумии дорандагони кортҳои пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд.

Пардохти андозҳо ба тариқи онлайн дар сомонаи Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ бо нишони – www.andoz.tj дастрас мебошад. Муштариён ба қисмати дахлдори сомона ворид мешаванд, рақами мушаххаси андозсупорандаро (РМА)-ро ҳуруфчин намуда, намуди андоз ва маблағи пардохтшавандаро интихоб мекунанд. Сипас мушаххасоти корти пардохтиро ворид карда, пардохтро тасдиқ менамоянд. Дар давоми рӯз тамоми пардохтҳо дар реҷаи онлайн коркард мешаванд ва пардохтҳое, ки дар вақти ғайрикорӣ иҷро мегарданд, дар рӯзи минбаъда коркард мешаванд.

Пардохтро метавон бо кумаки кортҳои низоми пардохтии «Корти миллӣ», Visa ва Master Card анҷом дод. Ҳаҷми комиссия зимни пардохт бо «Корти миллӣ» – 0,9% ва истифода аз дигар низомҳои пардохтӣ – 1,5%-ро ташкил медиҳад.

Воридоти маблағ ба буҷети аз ҳисоби андоз ду моҳи соли равон 25% афзуда, дар ин давра ба буҷет 2 млрд. 210 млн. сомонӣ маблағ ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 440 млн. сомонӣ зиёдтар аст. Ҳиссаи андозҳо дар ҳаҷми умумии буҷети тӯли 2 моҳи соли равон 80,6%-ро ташкил дод. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.