Донишҷӯи тоҷик – Mister international-2018-и мактаби олии Русия

Дар Донишгоҳи федералии Шимолу шарқии ба номи М.К.Аммосов озмуни хайрияи зебоӣ ва истеъдод доир гардид. Миёни донишҷӯён бори нахуст Miss and Mister international-и донишгоҳ интихоб шуда, Комилҷон Нозимов аз Тоҷикистон ба унвони Mister international-и донишгоҳ соҳиб шуд. Дар озмун 14 нафар намояндагони 10 кишвар ширкат варзида, ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ таҳкими дӯстиву ҳамкории мутақобила […]

Asia-Plus

Дар Донишгоҳи федералии Шимолу шарқии ба номи М.К.Аммосов озмуни хайрияи зебоӣ ва истеъдод доир гардид.

Миёни донишҷӯён бори нахуст Miss and Mister international-и донишгоҳ интихоб шуда, Комилҷон Нозимов аз Тоҷикистон ба унвони Mister international-и донишгоҳ соҳиб шуд.

Дар озмун 14 нафар намояндагони 10 кишвар ширкат варзида, ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ таҳкими дӯстиву ҳамкории мутақобила байни донишҷӯёни хориҷии муасссисаи таълимӣ унвон мешавад, хабар дода мешавад дар сомонаи донишгоҳ.

Гуфта мешавад, дар озмун расму оин, суруду тарона ва анъанаҳои миллатҳои гуногун намоиш дода шуда, толори баргузори он ба як кошонаи дӯстии халқҳо табдил ёфт.

Пас аз андешаронии тӯлонӣ аъзои ҳакамон донишҷӯ аз Тоҷикистон Комилҷон Нозимовро – Mister international – 2018 ва донишҷӯдухтар аз Қирғизистон Перизат Чикееваро – Miss international – 2018 эълон карданд. Дар номинатсияи Ҷаноби Истеъдод (Мистер Талант) низ Комилҷон ғолиб дониста шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат