Мирзиёев ва Трамп давраи нави шарикии Ӯзбекистону ИМА-ро баррасӣ мекунанд

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бори нахуст дар доираи як сафари расмӣ вориди ИМА шуд. Дар фурудгоҳи Эндрюс Мирзиёевро аъзои ҳукумати ИМА пешвоз гирифтанд. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар назар аст, ки имрӯз президенти Ӯзбекистон бо ҳамтои амрикоии худ Доналд Трамп дар Кохи сафед мулоқот мекунад. Баргузории гуфтугӯи ҷонибҳо дар ҳайати маҳдуд ва […]

Asia-Plus

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бори нахуст дар доираи як сафари расмӣ вориди ИМА шуд. Дар фурудгоҳи Эндрюс Мирзиёевро аъзои ҳукумати ИМА пешвоз гирифтанд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар назар аст, ки имрӯз президенти Ӯзбекистон бо ҳамтои амрикоии худ Доналд Трамп дар Кохи сафед мулоқот мекунад. Баргузории гуфтугӯи ҷонибҳо дар ҳайати маҳдуд ва васеъ дар назар аст.

Гуфта мешавад, ҳамчунин қарор аст, Шавкат Мирзиёев дар ҷараёни ин сафар бо котиби давлатӣ Майк Помпео, вазири дифоъ Ҷеймс Мэттис ва аъзои конгресси ИМА мулоқот кунад.

Дар чаҳорчӯби сафари Мирзиёев ба ИМА баррасии вазъу кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Ӯзбекистону ИМА дар назар буда, ҷонибҳо атрофи масоили муҳиму рӯзмарраи байнулмилалӣ ва минтақавӣ табодули назар мекунанд.

Аз рӯи натиҷаҳои сафари расмӣ қабули Изҳороти муштараки сарони кишварҳо «Ӯзбекистон ва ИМА: оғози давраи нави шарикии стратегӣ» ва имзои бастаи иборат аз 40 санади таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун пешбинӣ шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.