Гумонбарии собиқ раиси «Тоҷпромбонк» ба исрофкорӣ ва қаллобӣ

Нисбати собиқ раиси «Тоҷпромбонк» Ҷамшед Зиёев мутобиқи ду модаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шуд. «Айни замон ба Ҷамшед Зиёев дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи ду моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ – 245 (Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ) ва 247 (Қаллобӣ) айбнома пешниҳод шудааст», – хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ. Бино ба […]

Asia-Plus

Нисбати собиқ раиси «Тоҷпромбонк» Ҷамшед Зиёев мутобиқи ду модаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

«Айни замон ба Ҷамшед Зиёев дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи ду моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ – 245 (Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ) ва 247 (Қаллобӣ) айбнома пешниҳод шудааст», – хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.

Бино ба иттилои манбаъ, парвандаи мазкурро Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ тафтиш мекунад. Зиёев санаи 24 апрели соли равон боздошт ва 16 май ба боздоштгоҳи тафтишотӣ (СИЗО) гузаронида шуд.

Қаблан зикр шуда буд, ки замони роҳбарӣ ба «Тоҷпромбонк» Ҷамшед Зиёев воситаҳои ҷалбшудаи амонатгузоронро ба равнақи тиҷорати худаш равона мекардааст. Инро гӯё бо роҳи ба номи хешовандону наздиконаш ба расмият даровардани қарзҳо амалӣ мекардааст.

Тибқи маълумоти як манбаи ба тафтишот наздики «Азия-Плюс» бидуни ифшои ному насаб, айни замон Зиёев аллакай аз қисмате аз саҳмияҳои корхонаи истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикан воқеъ дар наздии корхонаи сементбарории Душанбе маҳрум шудааст.

«Ба ӯ ҳозир пешниҳод доранд, ки дигар чизҳои боқимондаро диҳад, ки қонуниву ғайриқонунӣ ба худаш тааллуқ дорад ва баъд ӯро озод мекунанд, – мегӯяд манбаъ. – Ба гумони ғолиб, ӯ ба ин кор маҷбур мешавад, лекин дигар шахсонеро, ки ба ҳар гунае дар муомилоти бонк иштирок кардаанд, аз қафои худ бурда метавонад. Ва то ҷое ман огаҳӣ дорам, ӯ аллакай нисбати онҳо баёнот медиҳад».

Қобили зикр аст, ки иҷозатномаи «Тоҷпромбонк» охири моҳи феврали соли 2017 бозхонд шуда, аввали моҳи марти соли гузашта Суди иқтисодии Душанбе дар бораи оғози барҳамдиҳии муассиса қарор содир намуд. Ҷараёни барҳамдиҳӣ метавонад муддати ду сол идома ёбад. Дар сурати зарурат, қонунгузорӣ ба дароз шудани муҳлат боз ба як соли дигар бо қарори суд имкон медиҳад.

Бино ба маълумоти охир, айни замон 2070 шахсони ҳуқуқиву воқеӣ ба «Тоҷпромбонк» ба маблағи умумии 266 млн. сомонӣ қарздоранд. Амволи бонк дар маҷмӯъ 450 млн. сомонӣ нархгузорӣ шудааст. Ҳаҷми умумии уҳдадориҳои бонк наздики 550 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Мувофиқи маълумоти аз ҷониби ҳукумат интишоршуда, дар рӯйхати амволи «Тоҷпромбонк» 117 иншоот, аз ҷумла бинои асосии дафтари корӣ, 21 бинои филиалҳо, ҳамчунин хонаҳои истиқоматии сершумор, коргоҳҳои истеҳсолии хурд, марказҳои хизматрасонӣ ва ғайра номнавис шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.