КДАМ Тоҷикистон замимаи Zello-ро ифротгаро унвон кард

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон изҳор медорад, ки замимаи Zello сарчашмаи ҷалби шаҳрвандон аст. Дар барномаи «Ахбор»-и шабакаи телевизиони Тоҷикистон шоми 21 май дар бораи аз ҷониби Маркази робитаҳо бо ҷомеаи КДАМ тасдиқ шудани сарчашмаи ҷалби шаҳрвандон будани замимаи Zello гузориш пахш шуд. Zello ратсия – замимае мебошад, ки онро метавон ҳам дар смартфон ва […]

Меҳрангез Турсунзода, Asia-Plus

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон изҳор медорад, ки замимаи Zello сарчашмаи ҷалби шаҳрвандон аст.

Дар барномаи «Ахбор»-и шабакаи телевизиони Тоҷикистон шоми 21 май дар бораи аз ҷониби Маркази робитаҳо бо ҷомеаи КДАМ тасдиқ шудани сарчашмаи ҷалби шаҳрвандон будани замимаи Zello гузориш пахш шуд.

Zello ратсия – замимае мебошад, ки онро метавон ҳам дар смартфон ва ҳамдар компютер насб кард. Тибқи усули ратсия ӯ ба корбарон имкон медиҳад, ки тариқи иттилооти овозӣ гуфтугӯ кунанд.

«Ҷалби аксари шахсон ба сафҳои гурӯҳҳои ифротгаро тариқи интернет, аз ҷумла замимаи Zello ва гурӯҳ дар он – «Роҳнамо ба сӯи хилофати исломӣ» сурат мегирад», – қайд шуд дар гузориши телевизионӣ.

Дар гузориши мазкур ҳам маҳкумшудагон ба ифротгароӣ ва ҳам коршиносон доир ба ҷараёни ҷалб изҳори назар карданд.

«Интернет-имомҳо аз хориҷи кишвар шаҳрвандони моро ба гурӯҳҳои ифротгаро ҷалб намуда, наворҳои видеои таблиғи зӯроварӣ ва ақидаҳои салафиро мунташир месозанд», – зикр шуд дар барнома.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти КДАМ, соли 2017 дар Тоҷикистон беш аз 1300 ҷинояти дорои хусусияти ифротгароӣ ва террористӣ ошкор ва ба гумони даст доштан дар фаъолияти ифрогароиву террористӣ зиёда аз 400 нафар боздошт шудаанд.

Қобили зикр аст, ки чанде қабл дар Қирғизистон дастрасӣ ба портал оид ба ҷойгиркунӣ ва шунидани мусиқии SoundCloud қатъ шуд. Суди Бишкек портали мусиқиро «ифротгаро» эътироф намуд. Дар кишвари ҳамсоя портали видеоэшрингии LiveLeak низ дастнорас аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио