Истихроҷи алҳол ҳамагӣ 15 фоиз ангишти зарурӣ барои кишвар

Талаботи дохилии соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии Тоҷикистон соли 2018 ба ангишт 2 млн. тонна арзёбӣ мешаванд. Дар ҳамин ҳол, тӯли 4 моҳи аввали соли равон дар ҷумҳурӣ 268 ҳазор тонна ангишт истихроҷ шуд. «Талаботи пешакии корхонаҳои саноатӣ ба  ангишт барои соли 2018  ба миқдори  920 ҳазор тонна, муассисаҳои буҷавӣ- 57,2 ҳазор тонна ва Маркази барқу […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Талаботи дохилии соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии Тоҷикистон соли 2018 ба ангишт 2 млн. тонна арзёбӣ мешаванд. Дар ҳамин ҳол, тӯли 4 моҳи аввали соли равон дар ҷумҳурӣ 268 ҳазор тонна ангишт истихроҷ шуд.

«Талаботи пешакии корхонаҳои саноатӣ ба  ангишт барои соли 2018  ба миқдори  920 ҳазор тонна, муассисаҳои буҷавӣ- 57,2 ҳазор тонна ва Маркази барқу гармидиҳӣ-2 ва дегхонаҳо 1245 ҳазор тонна (бо дар назардошти бақияи ангишт аз давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018) пешбинӣ шудааст», – хабар медиҳад Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ.

Қайд мешавад, ки ҷадвали таҳвили ангишт барои таъмини МБГ Душанбе-2 ва дегхонаҳо дар давраи тирамоҳу-зимистони солҳои 2018-2019 ба миқдори 1,1 млн. тонна дар тарҳи моҳҳо мувофиқа карда шуда, мавриди иҷроиш қарор дорад.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти пешакии Вазорати саноат, аз аввали сол то 1 майи соли 2018 истихроҷи ангишт ба 268,1 ҳазор  тонна расонида шуд, ки нисбати  ҳамин давраи соли сипаригардида  28,4 ҳазор  тонна зиёд  мебошад.

Таъкид мешавад, ки бо дарназардошти мавсимӣ будани фаъолияти корхонаҳои саноати ангишт, дар чор моҳи соли равон аз 18 корхонаи истихроҷи ангишт танҳо 5-тоаш – КФ “Шахтаи “Фон-Яғноб”, ҶДММ “Талко-Ресурс”, ДИА-и ҶДММ “Корхонаи металлургии Тоҷик”, ҶДММ “Сиёвуш-Ф” ва ҶСК “Ангишт” фаъолият доштанд.

Шурӯъ аз соли 2014 дар Тоҷикистон ҳар сол рекорди ҳаҷми истихроҷи ангишт тағйир меёбад: соли 2014 – 870 ҳазор тонна; соли 2015 – беш аз 1 млн. тонна; соли 2016 – 1,4 млн. тонна ва дар соли 2017 – беш аз 1,7 млн. тонна. То соли 2010 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 200 ҳазор тонна ангишт истихроҷ мешуд.

Аввали соли равон зикр шуд, ки мақомоти Тоҷикистон ба зарурати афзоиши зеризаминии истихроҷи ангишт дар конҳо исрор мекунанд, ки ба болоравии талаботи дохилӣ ба ин навъи сӯзишворӣ маънидод мешавад.

Бино ба маълумоти Вазорати саноати ҷумҳурӣ, айни замон зиёда аз 200 корхонаҳои истеҳсолии кишвар ба сифати сӯзишворӣ аз ангишт истифода мекунанд.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон дорои беш аз 4,3 млрд. захираҳои имконпазири ангишт мебошад, ки 320,3 млн. тоннаи онро захираҳои ангишти саноатии дорои калорияи баланд ташкил медиҳанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио