Боздошти садҳо муҳоҷирон назди маркази «Сахарово»

Дар Маскави Нав назди Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷирати «Сахарово» ба гумони даст доштан дар муноқишаи оммавӣ рӯзи 22 май садҳо муҳоҷирон боздошт шуданд. Ҳомии ҳуқуқ Маринав Павлова ба «Новая газета» дар ин робита гуфтааст, боздоштшудагонро бо се автобус бурдаанд, ки дар ҳар кадомаш 50-нафарӣ муҳоҷирон буданд. Ба гуфтаи ӯ, боздоштшудагон изҳор кардаанд, ки дар ҳеҷ як […]

Asia-Plus

Дар Маскави Нав назди Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷирати «Сахарово» ба гумони даст доштан дар муноқишаи оммавӣ рӯзи 22 май садҳо муҳоҷирон боздошт шуданд.

Ҳомии ҳуқуқ Маринав Павлова ба «Новая газета» дар ин робита гуфтааст, боздоштшудагонро бо се автобус бурдаанд, ки дар ҳар кадомаш 50-нафарӣ муҳоҷирон буданд. Ба гуфтаи ӯ, боздоштшудагон изҳор кардаанд, ки дар ҳеҷ як занозание иштирок накарда, аз он ҳатто огаҳӣ надоранд ва ба марказ барои ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳояшон омадаанд.

«Яке аз боздоштшудагон, шаҳрванди Украина Қандил Ҳамдамов изҳор доштааст, ки муҳоҷиронро дар баромадгоҳ боздошт намуда, миёни онҳо ягон нафар бо аломатҳои иштиргок дар занозанӣ ҳузур надорад», – саҳеҳ кардааст Павлова.

Навбатдори шуъбае, ки шаҳрвандони хориҷиро ба он ҷо овардаанд, иттилоъ додааст, ки боздоштшудагонро ба шуъбаҳои гуногун бурда истодаанд. Дар ду шуъба хабар додаанд, ки 30 нафарро наздашон овардаанд, илова кардааст ҳомии ҳуқуқ.

«Шумори боздоштшудагонро алҳол мо дақиқ намедонем. Дар шуъба изҳор доштанд, ки раҳбарияти Раёсти корҳои дохилӣ дар маҳалли ҳодиса ба боздошти шаҳрвнадони хориҷӣ  супориш додааст», – иброз доштааст ӯ ва  аз қавли шоҳидон илова кардааст, ки занозанӣ миёни таксиронҳои маҳаллӣ рух додааст.

Дар ҳамин ҳол, «Эхо Москвы» хабар медиҳад, ки шояд Дастаи таъиноти махсуси милитсия (ОМОН) ба маълумоти шоҳидон дар бораи муноқиша байни таксиронҳои маҳаллӣ каме дуртар аз марказ ба ин амал даст задааст.

Ғайр аз ин, зикр мегардад, ки шояд боздошт дар партави овозаҳо доир ба «поккорӣ», ки гӯё пулиси Маскав пеш аз Чемпинати ҷаҳон оид ба футбол-2018 мегузаронад, сурат гирифтааст.

«Новая газета» қайд мекунад, ки ҳомиёни ҳуқуқ афзоиши ҳодисаҳои боздошти муҳоҷирон дар Русия ва ихроҷи онҳоро пеш аз Чемпионат пешгӯӣ мекунанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Пас аз мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе, дар радабандии ҷаҳонии IJF ду натиҷаи таърихӣ барои Тоҷикистон сабт шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст