Рӯзҳои наздик аҳолии Тоҷикистон ба 9 млн. нафар мерасад

Рӯзҳои наздик шумори ахолии Тоҷикистион ба 9 млн. нафар мерасад. Тифл бояд рӯзҳои наздик чашм ба олами ҳастӣ кушояд. Ба санаи 1 январи соли 2018 шумори аҳолии Тоҷикистон 8 млн. 931 ҳазор нафарро ташкил дода, дар семоҳаи авали соли равон то ба 8 млн. 973 ҳазор нафар расид. Бо назардошти аз соли 1998 ҳамасола ба […]

Asia-Plus

Рӯзҳои наздик шумори ахолии Тоҷикистион ба 9 млн. нафар мерасад. Тифл бояд рӯзҳои наздик чашм ба олами ҳастӣ кушояд.

Ба санаи 1 январи соли 2018 шумори аҳолии Тоҷикистон 8 млн. 931 ҳазор нафарро ташкил дода, дар семоҳаи авали соли равон то ба 8 млн. 973 ҳазор нафар расид.

Бо назардошти аз соли 1998 ҳамасола ба ҳисоби миёна беш аз 2 фоиз афзудани шумори аҳолии ҷумҳурӣ, метавон пешбинӣ намуд, ки сокини 9-миллионуми Тоҷикистон охири моҳи май ба дунё хоҳад омад.

Тибқи маълумоти Агентии омор, моҳи апрел дар Тоҷикистион 20 ҳазор нафар тифлони навзод ба дунё омадаанд ва мутаносибан мувофиқи ҳисобу китоби мутахассисон, то тавлиди тифли сокини 9-миллионуми Тоҷикистон рӯзҳои башумор монда, Вазорати тандурустӣ ва Агентии омор ин лаҳзаро пайгирӣ доранд.

Ёдрас мекунем, ки сокини 7-миллионнуми Тоҷикистон Фаридун 13 августи соли 2006 дар Маркази тиббии шаҳри Душанбе ба дунё омада, мақомоти шаҳрдории пойтахт дар кӯчаи Ҷомӣ ба оилаи онҳо манзили чорҳуҷрадор тақдим намуд.

Сокини 8-миллионаи Тоҷикистон Сумайя Раҳмонова 5-уми феврали соли 2013 дар таваллудхонаи №3-и пойтахт ба дунё омад. Аз ҷониби мақомоти шаҳрдории Душанбе ба оилаи онҳо дар кӯчаи Федини пойтахт хонаи дуҳуҷрадор дода шуд.

Қобили зикр аст, ки аз рӯи сатҳи таваллуд байни собиқ кишварҳои шӯравӣ Тоҷикистон пешсаф аст.

Бино ба маълумоти чанде қабли муовини раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Хайринисо Юсуфӣ, шурӯъ аз соли 1998 шумори аҳолии Тоҷикиситон ба ҳисоби миёна ҳамасола ба миқдори 2,1% афзуда, агар чунин суръати афзоиш боқӣ монад, соли 2020 ахолии Тоҷикистон ба 10,65 млн. нафар мерасад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Пас аз мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе, дар радабандии ҷаҳонии IJF ду натиҷаи таърихӣ барои Тоҷикистон сабт шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.