Фармоиши Президент доир ба озмуни интихоби беҳтарин лоиҳаи боғи «Истиқлолият»

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таъсиси Комиссияи байниидоравӣ оид ба гузаронидани озмуни кушода байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ доир ба интихоби беҳтарин лоиҳаи ангоравии боғи «Истиқлолият» бо майдони маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» дар шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон фармоишро ба имзо расонид. Бино ба иттилои хадамоти […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таъсиси Комиссияи байниидоравӣ оид ба гузаронидани озмуни кушода байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ доир ба интихоби беҳтарин лоиҳаи ангоравии боғи «Истиқлолият» бо майдони маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» дар шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон фармоишро ба имзо расонид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, дар асоси ин фармоиш тартиб ва ҳайати Комиссияи байниидоравӣ оид ба гузаронидани озмуни кушода тасдиқ карда шуданд.

Гуфта мешавад, дар Тартиб ҳадафу мақсад, ваколату вазифаҳои Комиссия, шартҳо ва талаботи озмун ва дигар муқаррарот муайян гардидаанд.

Қайд мешавад, ки боғи «Истиқлолият» бо майдони маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» дар қисмати марказии пойтахт, дар қитъаи замини масоҳаташ 29,0 гектар ҷойгир карда мешавад.

Зимнан зикр мегардад, ки акси кайҳонии ҷойгиршавии боғ аз ҷониби Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе омода карда шуда, дар сомонаашон гузошта шудааст.

Тартиби гузаронидани озмун ва ҳайати Комиссияи байниидоравӣ дар сомонаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (http://www.tajsohtmon.tj/) ва воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳурӣ интишор мешаванд.

Дар сатҳи зарурӣ таъмин намудани фаъолияти Комиссияи байниидоравӣ ба зиммаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шудааст.

Барои дастрасии маълумоти иловагӣ довталабон метавонанд ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, то 30 сентябри соли 2018 лоиҳаи ангоравии худро бо қайди «Барои озмун» бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҳусейнзода, 36 ва ё почтаи электронии [email protected] пешниҳод намоянд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?