Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

АНОНС – Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Ҳаркати ҷамъиятии «Друзья России» (Дӯстони Русия) мизи гирд барпо мекунад. Оғоз соати 09:00дар Маркази тадқиқоти стратегӣ; – Дар Душанбе Конфронси шашуми ҳамкории байниминтақавии Русия ва Тоҷикистон «Ҳамкории байниминтақавӣ ҳамчун омили рушди фаъолнокии корӣ» баргузор мешавад; – Бори нахуст дар Тоҷикистон олимпиадаи байнулмилалии маърифатӣ оид […]

Asia-Plus

АНОНС

– Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Ҳаркати ҷамъиятии «Друзья России» (Дӯстони Русия) мизи гирд барпо мекунад. Оғоз соати 09:00дар Маркази тадқиқоти стратегӣ;

– Дар Душанбе Конфронси шашуми ҳамкории байниминтақавии Русия ва Тоҷикистон «Ҳамкории байниминтақавӣ ҳамчун омили рушди фаъолнокии корӣ» баргузор мешавад;

– Бори нахуст дар Тоҷикистон олимпиадаи байнулмилалии маърифатӣ оид ба хисобу китоб (арифметика)-и зеҳнӣ GENIUSKID-ASIA 2018 доир мегардад. Олимпиада дар истироҳатгоҳи тобистонаи Бонки миллии Тоҷикистон «Шоҳин» воқеъ дар соҳили обанбори Қайроққум баргузор мешавад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.9896 сомонӣ;

1 евро – 10.4639 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1442 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1943 – Шӯрои комиссарон ва КМ ҲК (б) Тоҷикистон оид ба ташкили «Театри фронтии ҶШС Тоҷикистон» барои намоиш дар қисмҳои ҳарбии Ариши Шӯравии амалкунанда қарор қабул кард.

1992 – Роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Озарбойҷон.

1912-1975 – Зодрӯзи оҳангсоз, Арбоби шоистаи фарҳанги Тоҷикистон Мухтор Ашрафӣ, ректори Консерваторияи давлатии Тошканд.

1936-1985 – Мавлуди овозхон Барот Яхшӣ.

1939 – Зодрӯзи актёри театр Амирҳайдар Давлатов.

1940 – Мавлуди нависанда Маҳкам Пӯлодов.

1957 – Зодрӯзи адабиётшинос Абдувалӣ Давронов.

1965 — Мавлуди Бахтиёр Худоназаров коргардони кино, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ.

1972 – Зодрӯзи коргардони кино Умедшоҳ Мирзоширинов.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +11+16, рӯзона +29+34; дар доманакӯҳҳо шабона +2+7, рӯзона +16+21.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18, рӯзона +29+34; дар доманакӯҳҳо шабона +7+12, рӯзона +21+26.

Дар ВМКБ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +4+9, рӯзона +20+25; дар шарқ шабона -1-6, рӯзона +7+12.

Дар НТМ  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +11+16, рӯзона +26+31; дар доманакӯҳҳо шабона +4+9, рӯзона +21+26.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +21+23.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +31+33.

Дар шаҳри Бохтар — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +31+33.    

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +5+7, рӯзона +22+24.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.