Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

АНОНС – Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир мегардад; – Дар муассисаи фарҳангиву фароғатии «Аҳорун» бахшида ба Рӯзи байнулмилалии ҳифзи кӯдакон таҳти унвони «Кӯдакон дунёи мо» чорабинии ҷашнӣ баргузор мешавад. Оғоз соати 08:00; – Ба муносибати Рӯзи байнулмилалии ҳифзи кӯдакон кинотеатри «Наврӯз» чорабинии Рӯзи кинои ройгон мегузаронад; – Tcell ҳамаро […]

Asia-Plus

АНОНС

– Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир мегардад;

– Дар муассисаи фарҳангиву фароғатии «Аҳорун» бахшида ба Рӯзи байнулмилалии ҳифзи кӯдакон таҳти унвони «Кӯдакон дунёи мо» чорабинии ҷашнӣ баргузор мешавад. Оғоз соати 08:00;

– Ба муносибати Рӯзи байнулмилалии ҳифзи кӯдакон кинотеатри «Наврӯз» чорабинии Рӯзи кинои ройгон мегузаронад;

– Tcell ҳамаро ба ид – ба «Боғи Ирам» дар шаҳри Душанбе даъват мекунад. Вақти баргузории чорабинӣ аз соати 10:00 то 17:00. Воридшавӣ ройгон аст.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  9.0168 сомонӣ;

1 евро – 10.5442 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1453 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Рӯзи байнулмилалии ҳифзи кӯдакон.

2011 — Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи қонун «Дар бораи Палатаи ҳисоби ҶТ»-ро маъқул шуморид.

2012 — Ширкатҳои фароҳамсози Интернети Тоҷикистон ба пардохти андози аксизӣ дар ҳаҷми 3% шурӯъ намуданд.

2016 — Вакилони парлумон ба хусусигардонии муваққатии иншооти давлатӣ ва зерсохторӣ «иҷозат» доданд.

1916-1989 – Мавлуди арбоби давлатӣ, сиёсатмадор Турсун Ӯлҷабоев.

1932 – Зодрӯзи доктори улуми фалсафа Абдулло Раҳимов.

1935 — Мавлуди олими бахши кишоварзӣ, Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон, академик Бобо Сангинов.

1935 – Зодрӯзи актёр ва коргардони театр Тӯрахон Аҳмадхонов.

1935 – Мавлуди олими бахши кишоварзӣ, Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон, академик Бобо Сангинов.

1937 – Зодрӯзи нависанда Раҷабалии Роғӣ.

1940-2018 – Мавлуди коргардони театр Ислом Саломов.

1957-2007 – Зодрӯзи нависанда Саид Ғоиб.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +16+21, рӯзона +32+37; дар доманакӯҳҳо шабона +7+12, рӯзона +21+26.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +18+23, рӯзона +34+39; дар доманакӯҳҳо шабона +11+16, рӯзона +26+31.

Дар ВМКБ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +10+15, рӯзона +24+29; дар шарқ шабона 0-5, рӯзона +14+19.

Дар НТМ  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18, рӯзона +32+37; дар доманакӯҳҳо шабона +9+14, рӯзона +24+29.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +35+37.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +18+20, рӯзона +35+37.

Дар шаҳри Бохтар — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +20+22, рӯзона +36+38.    

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +26+28.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкорӣ дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Ҷонибҳо ба густариши ҳамкорӣ дар сармоягузорӣ ва бунёди корхонаҳои муштарак ҳавасманданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.