Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки имрӯз дар баъзе ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво то 40 дараҷа ва пагоҳ, 7 июн ба беш аз 40 дараҷа гармӣ мерасад.
Обуҳавои гарм бештар минтақаи ҷануб – вилояти Хатлонро фаро гирифта, дар водиҳои ин минтақа 41 дараҷа гарм мешавад. Пагоҳ дар Бохтар – маркази маъмурии Хатлон обуҳавои то 42 дараҷа гармӣ дар назар аст.
Имрӯз дар Душанбе ҳавои камабри бебориш ва ҳарорати 36-38 дараҷа ва рӯзи дигар, 7 июн обуҳавои то 40 дараҷа гарм пешбинӣ шудааст.
Дар вилояти Суғд ҳарорат начандон баланд – то 32-37 дараҷа гарм ва дар кӯҳҳо бошад, салқинтар – то 20-25 дараҷа гарм мешавад. Лекин рӯзи дигар ин ҷо ҳам ҳаво зиёд гарм хоҳад шуд.
Дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво 28-33 дараҷа гарм ва дар шарқи вилоят – то 16-21 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ обуҳавои то 38 дараҷа гарм пешбинӣ шуда, дар кӯҳҳо ҳарорат 10 дараҷа поинтар аст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.




