Зиёни ҷиддии сел ба заминҳои наздиҳавлигии сокинони Лахш

Бар асари боришоти пуршиддат дар минтақаи шарқи Тоҷикистон сел омада, ба 20-25 қитъаҳои замини наздиҳавлигии сокинони деҳаҳои Янгишаҳр, Ҷултерак, Сурхоб ва Қӯшиағбаи ноҳияи Лахш осеби ҷиддӣ расид. Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Як иншооти ёрирасон пурра ва панҷ чунин иншооти дигар қисман хароб гардида, ба манзилҳои зист осеб расонида нашудааст, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои […]

Asia-Plus

Бар асари боришоти пуршиддат дар минтақаи шарқи Тоҷикистон сел омада, ба 20-25 қитъаҳои замини наздиҳавлигии сокинони деҳаҳои Янгишаҳр, Ҷултерак, Сурхоб ва Қӯшиағбаи ноҳияи Лахш осеби ҷиддӣ расид. Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Як иншооти ёрирасон пурра ва панҷ чунин иншооти дигар қисман хароб гардида, ба манзилҳои зист осеб расонида нашудааст, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.

Гуфта мешавад, сангу лойқа қитъаи роҳи мошингарди Ваҳдат – Лахш – Саритошро аз километри 250 то 253 юм баста, барои тозакунии роҳ техникаи махсус сафарбар шуд ва айни замон ҳаракати воситаҳои наклиёт дар ин қитъа пурра барқарор шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки айни замон Комиссияи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода барои муайян кардани ҳаҷми зиён дар маҳалли ҳодиса машғули кор аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.