Беш аз 40 дараҷа гарм: Тоҷикистонро гармӣ фаро мегирад

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки имрӯз дар баъзе ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво то 40 дараҷа ва пагоҳ, 7 июн ба беш аз 40 дараҷа гармӣ мерасад. Обуҳавои гарм бештар минтақаи ҷануб – вилояти Хатлонро фаро гирифта, дар водиҳои ин минтақа 41 дараҷа гарм мешавад. Пагоҳ дар Бохтар – маркази маъмурии Хатлон обуҳавои то 42 […]

Asia-Plus

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки имрӯз дар баъзе ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво то 40 дараҷа ва пагоҳ, 7 июн ба беш аз 40 дараҷа гармӣ мерасад.

Обуҳавои гарм бештар минтақаи ҷануб – вилояти Хатлонро фаро гирифта, дар водиҳои ин минтақа 41 дараҷа гарм мешавад. Пагоҳ дар Бохтар – маркази маъмурии Хатлон обуҳавои то 42 дараҷа гармӣ дар назар аст.

Имрӯз дар Душанбе ҳавои камабри бебориш ва ҳарорати 36-38 дараҷа ва рӯзи дигар, 7 июн обуҳавои то 40 дараҷа гарм пешбинӣ шудааст.

Дар вилояти Суғд ҳарорат начандон баланд – то 32-37 дараҷа гарм ва дар кӯҳҳо бошад, салқинтар –  то 20-25 дараҷа гарм мешавад. Лекин рӯзи дигар ин ҷо ҳам ҳаво зиёд гарм хоҳад шуд.

Дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво 28-33 дараҷа гарм ва дар шарқи вилоят – то 16-21 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ обуҳавои то 38 дараҷа гарм пешбинӣ шуда, дар кӯҳҳо ҳарорат 10 дараҷа поинтар аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.