Ҳабси собиқ сарвазири Қирғизистон ва шаҳрдори пешинаи Бишкек

Сафар Исҳоқов, сарвазири пешини Қирғизистон ва шаҳрдори пешини Бишкек Кубаничбек Қулматов, ки дар гузашта сардори Хадамоти давлатии гумрук низ буд, то охири тафтишот ба ҳабс гирифта шуданд. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Сафар Исҳоқов ва Кубаничбек Қулматов аз ҳамсафони наздики президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ҳастанд. Қарори ҳабси ин ду сиёсатмадорро додгоҳи ноҳияи […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Сафар Исҳоқов, сарвазири пешини Қирғизистон ва шаҳрдори пешини Бишкек Кубаничбек Қулматов, ки дар гузашта сардори Хадамоти давлатии гумрук низ буд, то охири тафтишот ба ҳабс гирифта шуданд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Сафар Исҳоқов ва Кубаничбек Қулматов аз ҳамсафони наздики президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ҳастанд. Қарори ҳабси ин ду сиёсатмадорро додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек рӯзи 5 июн содир кард.

Пештар аз ин нисбати Сафар Исҳоқов дар доираи парвандаи ҷиноии фасодкорӣ дар бозсозии маркази гармидиҳии шаҳри Бишкек айб эълон шуда буд. Исҳоқовро айбдор карданд, ки вай "замони сардори шуъбаи сиёсати хориҷии дастгоҳи президент буданаш манфиатҳои ширкати хориҷиро бароварда кардааст".

Исҳоқов гуфта буд, ки айбҳои эълоншуда "бетартибии комил" аст. Баъди бозпурсии шашсоата вай ба рӯзноманигорон гуфт, натавонист комилан бо айбнома шинос шавад.

Шаҳрдори пешини Бишкек Кубаничбек Қулматов дар ҳузури рӯзноманигорон гуфт, "ин суд набуд, балки мазҳака буд". Нисбати вай 18 май бо моддаи "Фасодкорӣ" айб эълон карданд. Манзилаш ҷустуҷӯ ва моликияташ ба ҳабс гирифта шуд.

Бино бар бовари тафтишот, Қулматов соли 2014 маблағи қарзиро дар ҳаҷми 2 миллион доллар, ки дар доираи амалисозии лоиҳаи "Навсозии маркази гармидиҳии шаҳри Бишкек" аз сӯи ширкати чинии ТВЕА ҷудо шуда буд, ғайриқонунӣ истифода бурдааст. Аммо Қулматов мегӯяд, бо айбҳои эълоншуда розӣ нест.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.