Харҷи миллионҳо доллари миллиардери ӯзбектабори Қазоқистон дар туйи духтараш

Тӯйи арӯсии Нафиса, духтари миллиардери ӯзбеки муқими Қазоқистон Фаттоҳ Шодиев дар яке аз тарабхонаҳои шаҳри Маскав ба таври хеле пуршукӯҳ доир шудааст. Бино ба иттилои сомонаи расонаи мустақили «Ахбор», барандаи тӯй Максим Галкин буд ва дар он ситораҳои эстрадаи Ғарб, Русия ва Ӯзбекистон ҳунарнамоӣ кардаанд. Фаттоҳ Шодиев барои арӯсии духтараш чанд миллион доллар харҷ кардааст. […]

Akhbor.com

Тӯйи арӯсии Нафиса, духтари миллиардери ӯзбеки муқими Қазоқистон Фаттоҳ Шодиев дар яке аз тарабхонаҳои шаҳри Маскав ба таври хеле пуршукӯҳ доир шудааст.

Бино ба иттилои сомонаи расонаи мустақили «Ахбор», барандаи тӯй Максим Галкин буд ва дар он ситораҳои эстрадаи Ғарб, Русия ва Ӯзбекистон ҳунарнамоӣ кардаанд. Фаттоҳ Шодиев барои арӯсии духтараш чанд миллион доллар харҷ кардааст.

https://www.youtube.com/watch?v=-zBRcwzci6E

Гуфта мешавад, тӯйи арӯсии Нафиса Шодиева моҳи май дар яке аз тарабхонаҳои шаҳри Маскав баргузор шудааст. Пораҳое аз видеои ин тӯйро БАСЕ, як сомонаи марбут ба мухолифини қазоқ дар Интернет нашр кард.

Бино ба ин манбаъ, Фаттоҳ Шодиев тӯйи духтараш Нафисаро мисли тӯйи домодии чанд сол пеши писараш Собир хеле пурдабдаба баргузор карда, ба он ситораҳои машҳури эстрадаи Ӯзбекистону Русия ва ҳамин тавр, ситораҳои маъруфро аз Ғарб даъват кардааст.

Мухолифини қазоқ дар шарҳи ин видео навиштаанд, ки Фаттоҳ Шодиев аз ҳисоби фурӯши алюминий ва хром дар Қазоқистон миллиардҳо доллар сарват ҷамъ оварда, ба чунин сурат дар тӯйи фарзандонаш ба ҳаво чош медиҳад.

БАСЕ мегӯяд, ки миллиардер фақат барои барандагӣ ба Максим Галкин беш аз 100 ҳазор доллар пардохт кардааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.