Мақоми аввали толибилмони Суғд дар олимпиадаи байнулмилалии арифметикаи зеҳнӣ

Тарбиятгирандагони Маркази инкишофи зеҳнии «Пифагор»-и шаҳри Хуҷанд ва хонандагони мактабҳои шаҳри Бӯстон дар олимпиадаи байналхалқӣ аз арифметикаи зеҳнӣ, ки 2-3-юми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Москва баргузор шуд, иштирок намуда, соҳиби мақоми аввал гаштанд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, дар ин олимпиадаи байналхалқӣ 20 нафар хонандагони макотиби таҳсилоти ҳамагонии шаҳри Хуҷанд ва […]

Asia-Plus

Тарбиятгирандагони Маркази инкишофи зеҳнии «Пифагор»-и шаҳри Хуҷанд ва хонандагони мактабҳои шаҳри Бӯстон дар олимпиадаи байналхалқӣ аз арифметикаи зеҳнӣ, ки 2-3-юми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Москва баргузор шуд, иштирок намуда, соҳиби мақоми аввал гаштанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, дар ин олимпиадаи байналхалқӣ 20 нафар хонандагони макотиби таҳсилоти ҳамагонии шаҳри Хуҷанд ва 2 нафар хонандагони макотиби шаҳри Бӯстон иштирок намуда, 18 нафари онҳо мақомҳои аввалро дар синну соли аз 6 сола то 15 сола ба даст оварданд.

Ғайрат Усмонов, хонандаи синфи 8-и литсейи №1-и ба номи академик Муҳаммад Осимии шаҳри Хуҷанд дар олимпиадаи мазкур 210 адад мисолҳоро давоми 25 дақиқа ҳал намуда, ба шарафи «Устоди арифметикаи зеҳнӣ» комёб гардид.

Қобили қайд аст, ки олимпиадаи мазкур байни 4 давлат – Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон бо шумули 66 шаҳрҳои ин кишварҳо сурат гирифта,тарбиятгирандагони Маркази инкишофи зеҳнии «Пифагор» бо гирифтани 5 Ҷом ва 18 мақоми якум, ба нишондиҳандаи олитарини олимпиада муваффақ гардиданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.