Шӯрои уламо: дар ҷашни иди Рамазон ҳеҷ маҳдудияте ҷорӣ нашудааст

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон овозаҳои пайдошуда дар ҷомеа доир ба ҷорӣ шудани маҳдудиятҳо дар таҷлили иди саиди Фитрро рад мекунад. Дар маълумоти дар ин робита интишоршудаи Марказ қайд мешавад, ки ахиран дар бархе аз васоити ахбори омма сару садоҳое дар мавриди гӯё маҳдудиятҳо дар таҷлили иди саиди Фитр ба назар мерасад, ки чунин хабарҳо […]

Asia-Plus

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон овозаҳои пайдошуда дар ҷомеа доир ба ҷорӣ шудани маҳдудиятҳо дар таҷлили иди саиди Фитрро рад мекунад.

Дар маълумоти дар ин робита интишоршудаи Марказ қайд мешавад, ки ахиран дар бархе аз васоити ахбори омма сару садоҳое дар мавриди гӯё маҳдудиятҳо дар таҷлили иди саиди Фитр ба назар мерасад, ки чунин хабарҳо бебунёду асосанд.

– Махсусан, дар чунин матлабҳо иддао мешавад, ки гӯё дар рӯзи иди Фитр дар макотиби кишвар имтиҳонҳо гузаронида мешавад, – омадааст дар изҳорот. – Ин дар ҳоле, ки ҳанӯз таърихи дақиқи иди саиди Фитр аз ҷониби Шӯрои уламои Маркази исломӣ эълон нагардидааст.

Гуфта мешавад, нашри чунин хабарҳои ғайримуътамад ҳам боварии хонандагон ба расонаҳоро коста гардонида, ҳам нофаҳмиҳои дигарро дар ҷомеа ба миён оварда метавонад.

Дар фарҷом Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон нашри ҳар хабари носанҷидаи марбут ба масоили диниро маҳкум намуда, аз расонаҳои иттилоотӣ даъват ба амал овардааст, ки дар самти нашри ахбори соҳаи дин бо мақоми ваколатдор ҳамкорӣ намоянд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.