Сохтмони нахустин эстакадаи сесатҳа дар Тоҷикистон моҳи сентябр пурра ба итмом мерасад

Эстакадаи сесатҳаи нақлиётӣ дар буриши хиёбонҳои Нусратулло Махсум ва Бобоҷон Ғафуров (маҳаллаи 82-юм) моҳи сентябри соли равон – ба муносибати ҷашни солгарди навбатии истиқлолияти ҷумҳурӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Ин аввалин чунин навъ эстакада дар Тоҷикистон мебошад. «Корҳои сохтмонӣ дар арафаи анҷомёбианд, танҳо хобонидани қишри дуюми асфалт ва анҷоми корҳои ободониву кабудизоркунии қаламрави гирду атроф […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Эстакадаи сесатҳаи нақлиётӣ дар буриши хиёбонҳои Нусратулло Махсум ва Бобоҷон Ғафуров (маҳаллаи 82-юм) моҳи сентябри соли равон – ба муносибати ҷашни солгарди навбатии истиқлолияти ҷумҳурӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Ин аввалин чунин навъ эстакада дар Тоҷикистон мебошад.

«Корҳои сохтмонӣ дар арафаи анҷомёбианд, танҳо хобонидани қишри дуюми асфалт ва анҷоми корҳои ободониву кабудизоркунии қаламрави гирду атроф ва паҳлӯи роҳ боқӣ монд», – хабар доданд ба «Азия-Плюс» аз Маркази амалисозии лоиҳаҳои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.

Чанде қабл дар қисмати поёнии эстакада ба таври озмоишӣ ба ҳаракати нақлиёт иҷоза дода шуд.

«Эстакада моҳи сентябри ҳамин сол пурра омода ва дар рӯзҳои ҷашни солгарди навбатии истиқлолият ба истифода дода мешавад», – гуфтанд дар Вазорат.

Корҳои сохтмони эстакадаи сесатҳа дар доираи амалисозии лоиҳаи «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе – Турсунзода – сарҳади Ӯзбекистон», қитъаи роҳи аз муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино то дарвозаҳои ғарбии Душанбе моҳи сентябри соли 2016 оғоз гардиданд.

Дар доираи татбиқи лоиҳаи мазкур моҳи феврали соли равон дар маҳаллаи Қарияи Боло низ корҳои сохтмони эстакадаи дуюм шурӯъ шуд.

Барои амалисозии ин лоҳа Бонки аврупоии таҷдиду рушд ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 35 млн. доллар қарз ва ҳамчунин ба маблағи 3 млн. доллар кумаки техникӣ ҷудо кард. Созишномаи дахлдор дар ин бора тобистони соли 2015 ба имзо расида буд.

Лоиҳаи мазкурро ширкати ширкати «Гурӯҳи сохтмони роҳу пулҳои Синтзян-Бейсин» (Xinjiang Beixin Road & Bridge Group Co, Ltd) -и Чин амалӣ месозад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.