Тоҷикистон дар сафи 9 кишвари рушди иқтисодашон баландтарин

Тоҷикистон дар сафи нуҳ кишварҳое қарор дорад, ки соли гузашта ба сатҳи рушди иқтисоди баландтарин ноил гардидаанд. Дар гузориши моҳи июни Бонки ҷаҳонӣ «Дурнамоҳои глобалии иқтисодӣ» қайд мешавад, ки соли 2017 сатҳи афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон 7,1%-ро ташкил дод. Сатҳи баландтари афзоиши ММД дар соли гузашта дар ду кишвари африқоӣ: Эфиопия – 10,3% […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Тоҷикистон дар сафи нуҳ кишварҳое қарор дорад, ки соли гузашта ба сатҳи рушди иқтисоди баландтарин ноил гардидаанд.

Дар гузориши моҳи июни Бонки ҷаҳонӣ «Дурнамоҳои глобалии иқтисодӣ» қайд мешавад, ки соли 2017 сатҳи афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон 7,1%-ро ташкил дод.

Сатҳи баландтари афзоиши ММД дар соли гузашта дар ду кишвари африқоӣ: Эфиопия – 10,3% ва Гвинея – 8,2% ба қайд гирифта шудааст.

Ба даҳгонаи кишварҳои рушди иқтисодашон назаррас ҳамчунин Непал (7,9%), Гана (7,8%), Арманистон (7,5%), Туркия ва Бутан (7,4%-ӣ), Бангладеш (7,3%), Тоҷикистон (7,1) ва Ҷибути (7,0%) шомил шудаанд.

Соли 2017 сатҳи афзоиши ММД Туркманистон – 6,5%, Ӯзбекистон – 5,3%, Қирғизистон – 4,4%, Қазоқистон – 4,0% ва Русия – 1,5%-ро ташкил дод.

Сатҳи афзоиши ММД-и кишварҳои иқтисодашон пурқудрат дар соли гузашта тариқи зайл аст: ИМА – 2,3%, Чин – 6,9%, Минтақаи Аврупо – 2,4%, Япония – 1,7%, Британияи Кабир – 1,8%.

Ба сурати умум соли гузашта сатҳи афзоиши иқтисоди ҷаҳон 3,1%-ро ташкил дод.

Бонки ҷаҳонӣ сатҳи афзоиши иқтисоди Тоҷикистонро дар соли 2018 – 6,1% пешгӯӣ мекунад. Сатҳи афзоиши нисбатан баландтар дар 16 кишвари ҷаҳон пешгӯӣ шудааст.

Аз рӯи натиҷаҳои соли 2017 ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон 61,6 млрд. сомонӣ (наздики 7 млрд. доллар)-ро ташкил дод. Ҳукумати ҷумҳурӣ афзоиши ММД-ро соли 2018 дар сатҳи 7% интизорӣ дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.

Дар Тоҷикистон 35 дарсади шаҳрвандон бо фасод дучор шудаанд. Мақомот худ нигаронанд

Бузургтарин назарсанҷӣ нишон дода, ки бахши маориф, пулис ва тандурустӣ дар феҳрасти ниҳодҳои фасодзадаанд.

Парлумони Тоҷикистон ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро ба Русия маъқул донист. Чӣ тағйир ёфт?

Анҷоми расмиёти таҳияи ҳуҷҷатҳо ба ватан гузаронида шуда, корфармоён пешакӣ кормандонро интихоб мекунанд.

Ҷовид Муқим: “Азия-Плюс” ҳирфаӣ, бидуни таҳқир ва аз дарди ҷомеа мегӯяд”

Ӯ ҳамчунин, ба саҳми ин расона дар тайёр кардани мутахассисони расона ва такмили дониши онҳо ишора кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 77

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон дар Русия метавонанд 12 баробар зиёд шаванд

Аз ҷумла, маблағи қабул ба шаҳрвандӣ ё даст кашидан аз он метавонад аз 4,2 ҳазор то 50 ҳазор рубл боло равад.

“Тоскулоҳи бузург”-и Душанбе: кадоме аз ҷудокорон меоянд ва даъвогарони пирӯзӣ кистанд?

Барои Тоҷикистон ин на танҳо оғози мавсим дар хона, балки санҷиш муқобили ҳарифони пурқувват аз Аврупо, Осиё ва фазои пасошӯравӣ хоҳад буд.