Пирӯзии Фаррух Амонатов дар мусобиқаи шоҳмоти Ҳиндустон

Шоҳмотбози тоҷик Фаррух Амонатов бо касби 8 имтиёз аз 10 имтиёзи имконпазир дар мусобиқаи «А» дар Ҷоми раиси шаҳри Мумбаи пирӯзӣ ба даст овард. Намояндаи Нидерланд Роланд Прюйссерс низ ҳамин миқдор хол гирифта, имтиёзи боз нуҳ иштирокчиён нимхолӣ пасттар аст. Шоҳмотбози дуюми Тоҷикистон аз рӯи рейтинг Муҳаммадхоҷа Ҳусейнхоҷаев бо касби 6,5 хол миёни 256 нафар […]

Сайфиддин Қараев

Шоҳмотбози тоҷик Фаррух Амонатов бо касби 8 имтиёз аз 10 имтиёзи имконпазир дар мусобиқаи «А» дар Ҷоми раиси шаҳри Мумбаи пирӯзӣ ба даст овард. Намояндаи Нидерланд Роланд Прюйссерс низ ҳамин миқдор хол гирифта, имтиёзи боз нуҳ иштирокчиён нимхолӣ пасттар аст.

Шоҳмотбози дуюми Тоҷикистон аз рӯи рейтинг Муҳаммадхоҷа Ҳусейнхоҷаев бо касби 6,5 хол миёни 256 нафар иштирокчиён зинаи 29-умро ишғол намуд.

Тавре нашрияи The Times of India менависад, соли гузашта Фаррух Амонатов дар ин мусобиқа мақоми дуюмро касб карда буд. Мувофиқи регламенти мусобиқа, ба ҳамаи иштирокчиёне, зинаҳои аз 1 то 10-умро ишғол мекунанд, мукофотпулӣ дода мешавад. Ба ғолиб 3,3 млн. рупий мукофотпулӣ тақдим мешавад.

Маълумотнома: Фаррух Амонатов 13 апрели соли 1978 таваллуд шудааст. Қаҳрамони Осиё байни наврасон (1992), чандин карат қаҳрамони Тоҷикистон, ғолиби мусобиқаҳои «Москва-Опен», «Владимир-Опен». Дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон шаш маротиба дар Олимпиадаҳои шоҳмот – солҳои 1996, 1998, 2002, 2006, 2010 ва 2012 иштирок кардааст. Гроссмейстери байнулмилалӣ аз соли 2002.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.